Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПЛОЁШТИ

Шаҳри ПЛОЁШТИ

ПЛОЁШТИ (Рloiesti), шаҳрест дар ҷануби Руминия, маркази маъмурии уезди Прахов. Аҳолиаш 199 ҳазор нафар (1977). Муҳимтарин узели нақлиёт (7 хатти роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ва нефту газопроводҳо дорад). Маркази асосии истихроҷи нефти мамлакат. Дар атрофи Плоëшти конҳои нефт, гази табиӣ, ангишти бӯр ва намаксанг мавҷуданд. Соҳаҳои муҳими саноати шаҳр: истеҳсоли маҳсулоти нефт, мошинсозӣ (таҷҳизот барои саноати нефт ва химия, подшипникҳо, воситаҳои нақлиёт), хӯрокворӣ (корхонаҳои гӯшт, шир, орд, вино, нонпазӣ), химия (пластмасса, моддаҳои заҳрноки химиявӣ, ранг, маснуоти резинӣ) ва бофандагӣ (матоъҳои пашмин). Корхонаҳои шишаю фаянс, чармгарӣ, масолеҳи бинокорӣ, полиграфӣ низ дорад. Аз Плоëшти то бандарҳои Константма ва Ҷурҷу нефтепровод гузаронида шудааст.

ployoshti-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …