ПЛОТИН (юн. Plotinos, муаррабаш Флутин, тақрибан 204, Ликопол, Миср —269 ё 270, Минтурне, Италия), файласуфи идеалисти давраи атиқа, асосгузори навафлотуния. Фалсафаро дар Искандария дар мактаби Аммоний Саккас омӯхта, зери таъсири ӯ роҳи оштидиҳии таълимоти Афлотун ва Арастуро пеш гирифт. Соли 243—244 дар Рим дарс мегуфт. Қайдҳои ҷудогонаи Плотинро баъди вафоташ шогирди ӯ Порфирий (Форфириус) нашр кардаааст.
Дар маркази фалсафаи Плотин диалектикаи се ҷавҳари онтологӣ (ипостас) — «воҳид», «ақл» ва «нафс» меистад. Таълимоти Плотин доир ба «воҳид», ки ҳамчун сармабдаи моварои табиат дониста мешавад, ҷолиби диққат аст. «Воҳид» — дар «Эннеадҳо»-и Плотин хайри мутлақ, қувваи аввал ва дар айни замон кулли ҳастӣ қаламдод мегардад. Олам офаридаи ӯ мебошад, вале ин офариниш ба иродаи «воҳид» (худо) вобаста набуда, ба тақозои зарурат абадӣ ва берун аз замон ба вуҷуд омадааст. Минбаъд Плотин назарияи судурро пазируфтааст, ки он аз «воҳид» содир шуда, аввал «ақл» (ақли кул) ҳамчун ибтидои касрати олам ва баъд «нафс» (нафси кул) ҳамчун ҷавҳари олам ба вуҷуд меояд. Силсилаи баъдинаи маротиби вуҷуд (олами моддӣ ва шаклҳои гуногуни он) низ идомаи ҳамин назарияи судур ба шумор меравад. Таълимоти Плотинро ҳамчун просесси дорои хусусияти натурфалсафӣ тасаввур намудан мумкин аст, зеро дар он худо, инсон ва табиат ҳамчун категорияҳои ҳастӣ қисми таркибии ҷараёни умумии бавуҷудоӣ мебошанд.
Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ таълумоти Плотин ва навафлотуниёнро асоси таълимоти онтологии худ қарор додаанд. Масалан, Форобӣ, Ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ ва дигарон дар асл мавҷудияти худоро эътироф кунанд ҳам, дар боби пайдоиши олам ҳамон назарияи “судур”-и навафлотуниёнро пазируфтаанд, ки дар он худо фақат ҳамчун моҳият ва сабаби аввал дониста шуда, просесси пайдоиши зинаҳои мухталифи олам дар заминаи таълимоти пантеисти шарҳ дода шудааст. Моҳияти ин таълимот аз он иборат аст, ки олам на ба таври иттифоқӣ, балки дараҷа ба дараҷа халқ шудааст, ки яке нисбат ба дигаре иллат мебошад. Аз ин рӯ, ҳодисаҳо дар силсилаи пайдоиши вуҷуд ба қадиму ҳодис, воҳиду касир ва ниҳоят, тому ноқис тақсим мешаванд. Чунин ақида на фақат ба муқобили таълимоти динӣ равона шуда буд, балки он зотан дар асоси принсипи сабабият доираи фаъолияти худоро маҳдуд намуда, онро бо дигар категорияҳои ҳастӣ, ки ифодакунандаи ҷиҳатҳои алоҳидаи ҳодисоти олами моддӣ мебошанд, яксон медонист. Хулосаи мазкур, бешубҳа, ифодакунандаи ҷиҳатҳои натуралистӣ ва оғози инкишофи афкори материалистии мутафаккирони форсу тоҷик дар давраи ҳукмронии схоластикаи асрҳои миёнаи Шарқ ба шумор меравад.
Таълимоти тасаввуфии ваҳдати вуҷуд, ваҳдати мавҷуд, «ваҳдати вуҷуд ва касрати мавҷуд» низ аз назарияи Плотин ва навафлотуниён ғизои маънавӣ гирифтаанд.
Плотин ба фалсафаи асрҳои миёнаи Ғарб (Августин) ва хусусан мутафаккирони давраи Эҳë (М. Фичипо, Пико делла Мирандола), намояндагони идеализми англис (А. Шефтсбери, Ҷ. Беркли) ва намис (Ф. В. Шел- линг, Г. Гегель), инчунии И. В. Гёте ва романтизми Иена таъсир расонд.
Ад.: Блонский П. П., Фрлософия Плотина, М., 1918: Лосеп А. Ф., Диалектика числа у Плотина. М., 1928,-
М. Ҳагратқулов.