Маълумоти охирин

Планктон

Планктон (аз юнонӣ planklos — гумроҳ, беҳаракат), як гурӯҳ ҷонва- ронеро гӯянд, ки дар қабати об зиндагӣ мекунанд. Онҳо бар хилофи нектон аксаран худ ҳаракат карда наметавонанд ё ба дараҷае камҳаракатанд, ки ба ҷараёни об муқобилат карда натавониста ҳамроҳи он нақли макон мекунанд. Ба таркиби Планктон чӣ растаниҳо — фитопланктон (обсабзҳо ва чӣ ҳайвонҳо — зоопланктон (белпойҳо, мизидҳо, радиоляриҳо, медузаҳо, сифонофорҳo, шонаиҳо, пиросомҳо ва ғайра) до­хил мешаванд. Намудҳои гуногули Планктон бештар дар ноҳияҳои тропикии уқёнусҳо паҳн шудаанд. Андозаи ҷонваране, ки ба Плактон мансубанд, аз якчанд мкм (масалан, бактерия) то якчанд м (баъзе намудҳои медуза) мешавад. Фитопланктон ба нури офтоб мӯҳтоҷ буда, бештар дар 50—100 метр чуқурӣ сукунат дорад; зоопланктон бошад, дар қабатҳои гу- ногуни оби нӯшоки ва шӯр ҳаёт мегузаронад.

Биомассои Планктон дар обанборҳои гуногун ва ноҳияҳои он, инчунин дар мавсимҳои гуногун тағйир ёфта меистад. Дар қабати болоии оби уқёнус биомассаи фитопланктон одатан аз якчанд милиграмм/метр3 то якчанд грамм/м3, зоопланктон аз даҳҳо мг/м1 то 1 г/м* ва аз он ҳам зиёдтяр мешавад. Вобаста ба чуқурии об анвоъ ва миқдори Планктон торафт кам мешавад. Инкишофи зиёди фитопланктон ранги обро тағйир дода, хира мекунад. Аксари организмҳои Планктонӣ қобилияти аз худ нурбарорӣ (биолюминессен­сия) доранд.

Планктонро бевосита ё бавосита бисёр ҳайвонҳо ғизо мекунанд. Баъзе ор- ганизмҳои Планктонӣ, масалан, харчангшаклҳо (креветка, мизидҳо ва ғайра)-ро шикор мекунанд. Дар солҳои охир шикори харчангҳои антарктикӣ (эвфаузияҳо), ки баъзан миқдорашон хеле зиёд мешавад, торафт аҳамият пайдо мекунанд.

Дар обанборҳои Тоҷикистон намудҳои гуногуни организмҳои Планктонӣ ҳастанд. Махсусан Планктони обанборҳои Қайроққум, Фарҳод, Норак, Муми- нобод, Зӯркӯл, Яшилкӯл, Булункӯл, инчунин дарёҳои Варзоб, Кофарниҳон, Вахш ва Сир пурра омӯхта шудаанд. Дар ин обанборҳо зиёда аз 200 намуди обсабзҳо (бештар мерисмопедия, анабеп, мелозир, периаструм, оосистис ва ғайра), қариб 50 намуди харчангшаклҳо (харчангчаҳои мӯйлабшох, белпой, мизидҳо ва ғайра), дар кӯлҳо бошад, тацқрибан 400 намуди обсабзҳо, 70 намуди харчангшаклҳо ва 80 намуди коловраткаҳо зиндагӣ мекунанд.

Адабиёт: Гурвич В. Ф., Зоопланктон озера Каракуль (Памир), Ташкент. 1957; Киселёв И. А., Планктон морей и континентальных водоёмов, том 1. Ленинград, 1969; Ихтиология и гидробиология, Душанбе. 1969.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …