Маълумоти охирин

Перикл

Перикл (Реrikles) (тақрибан 490 то м., Афина —429 то мелод, ҳамон ҷо), ходими сиёсии Юнони Қадим, стратег (сарфармондеҳ)-и Афина дар солҳои 444/ 443—429 то мелод (ғайр аз 430). Аз оилаи ашроф. Маълумоти мукаммале гирифтааст. Аз ибтидои фаъолияти сиёсиаш ба табақаҳои миёнаи демократияи ғуломдорӣ (сардораш Эфиалт), ки манфиатдорони афзудани иқтидори баҳрии Афина, вусъат ёфтани алоқаҳои тиҷоратии он буданд, ҳамроҳ шуд. Баъди ҳалокати Эфиалт роҳбари демократҳо, аз соли 443 сардори давлати Афина гардад. Баъзе қонунҳое, киПерикл ҷорӣ намуд, боиси боз ҳам бешгар демократи шудан давлати Афина гардид.

Дар аҳди Перикл фоизи махсусе ташкил ёфт, ки аз он ба камбағалон барои тамошои те­атр пуд медоданд. Сохтмони биноҳои ҷамъпятӣ авҷ гирифт (Парфенон, Пропилеи, Одеон), ки дар натиҷа бисер гражданҳо бо кор таъмин гаштанд. Вале ҳамаи ин чораҷӯиҳои ӯ танҳо ба манфиати гражданҳои комилҳуқуқ буданд. Перикл ҳамчун стра­тег ба як қатор маъракаю экспедитсияҳои ҳарбӣ роҳбарӣ намуда, кӯшишҳои баъзе шаҳрҳоеро, ки мехостанд аз Иттифоқи Делос бароянд, барбод медод. Дар натиҷаи Ҷанги Пелопоннес (431—404 то мелод), ба Ат­тиқа зада даромадани спартанҳо ва паҳн шудани касалӣ дар Афинаи муҳосирашуда мавқеи Перикл хеле суст гашт. Соли 429 Перикл нуфузи худро бар­қарор намуда, боз стратег шуд, вале худи ҳамон сол аз вабо вафот кард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …