Маълумоти охирин
Главная / Илм / Периэкҳо

Периэкҳо

Периэкҳо, периойкҳо (юн. реrioikoi, айнан — сокинони атроф), аҳолии камҳуқуқи баъзе полисҳои Юнони Қадим (дар Спарта, Аргос, Элида, Фессалия). Дар Спарта Периэкҳо авлоди аҳолии тагҷоӣ, ки онро дорийҳо мутеъ намуда, ба канори Лако­ника танг карда баровардаанд.

Периэкҳо аз плотҳо бо он фарқ мекарданд, ки шахсан озод буда, метавонистанд замини худро дошта бошанд ва мебоист дар сафи лашкари пиёдаи вазниняроқ хизмат мекарданд, аммо ҳуқуқи сиёсӣ надоштанд. Периэкҳо бо ҳунармандӣ ва тиҷорат низ машғул бу­данд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …