Пахтакор, деҳа, маркази Совети қишлоқи Пахтакорӣ pайони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи С. М. Киров. Аз Пахтакор то маркази район 36 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 725 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, касалхона, таваллудхона, дорухона, амбулатория, магазин, нонвойхона, шуъбаи алоқа, устохонаҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ, ҳаммом ва фермаи бурдоқипарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Яхсу ва пармачоҳҳо обёрӣ мешаванд.