Пахтакор, деҳаест дар Совети қишлоқи Араби pайони Панҷ, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози «Правда». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 8 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1250 нафар. (1981), тоҷикон.
Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, хонаи маданият, касалхона, дорухона, шуъбаи алоқа, устохонаҳои дузандагӣ, сандуқсозӣ, таъмири пойафзол, универмаг, магазини асбобҳои рӯзгор, ошхона, кассаи амонатӣ ва ҳаммом дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтакорӣ, боғу токдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд.