Павлов Михаил Александрович (21. 1. 1863, маҳаллаи Божий Промысел, ҳоло дар ҳудуди шашри Ленкоран — 10. 1. 1958, Москва), металлурги советӣ, асосгузори мактаби советии домначиён, академики Академияи Фанҳои СССР (1932; аъзо-корреспондент 1927), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1945).
Баъд аз хатми Институти кӯҳкории Петербург (1885) дар заводҳои металлургия ноҳияи Вятск инженер шуда кор кардааст. Дар солҳои аввали фаъолияти инженериаш кӯраҳои домнавӣ ва пудлингил заводи Климковский ва чанд заводи дигарро аз нав сохт. Солҳои 1896—1900 дар заводи Суливск бо антрасит гудохтаии металлро ба роҳ монд. Соли 1900 дар Омӯзишгоҳи олии кӯҳкории Екатеринослав (ҳозира Институти кӯҳкории Днепропетровск) фаъолияти педагогии худро cap кард; солҳои 1904—41 профессор. Институти политехникии Петербург (Ленинград) буд; дар айни замон дар Академияи кӯҳкории Москва (1921—30) ва Институти пӯлоди Москва (1930—41) вазифаи профессориро адо мекард.
Павлов дар тартиб додани лоиҳаи калонтарин заводҳои металлургӣ, кӯраҳои домнавӣ ва дастгодҳои пӯлодгудозӣ иштирок дошт.
Муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ дар соҳаи металлургия, аз он ҷумла курси «Металлургияи чӯян» аст. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1943, 1947). Бо 5 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.