Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Патогенез

Патогенез

Патогенез (аз пато… ва …генез), таълимотест дар бораи тарз ва тариқи пайдоиш, инкишоф ва андоми беморӣ; як соҳаи илми патоло­гия.

Масъалаҳои аз чӣ (этиология) ва чи тавр (патогенез) пайдо шудани касалӣ бисёр мароқангез ва муҳим буда, аз қадимулайём фикру зикри табибонро ба худ мекашанд.

Дар худи аҳди деле қадим (то даври Буқрот) дар тиб таълимот дар бораи аз чаҳор хилт (хумор) —дам (хун), б а л ғ а м (луоб), савдо (талхаи сиёҳ) ва с а ф р о (талхаи зард), инчунин моддаҳои сахт таркиб ёфтани қисми инсон ба миён омад. Мувофиқи ин таълимот саломатии бадан ба таносубу тавозуни ин чаҳор хилт вобастааст, ки онҳоро асоси мизоҷ ё табиати инсон медонанд.

Пайдоиши ҳар дардро на фақат ба таъсири омили бемориҳо, балки ба ихтилоли таносуб ва таркиби хилтҳо вобаста мекунанд. Ин равия дар тиб бо назариёту амалиёти Буқроту Ро­зӣ, Абуалии Синову Ҷурҷонӣ ва дигар ҳакимони номӣ вусъат ва тақвият ёфта, то нимаи асри 19 ҳукмфармо буд.

Олимони советӣ механизмҳои Патогенезро аз рӯи таълимоти И. П. Павлов тадқиқ ва маънидод мекунанд. Оли­ми барҷаста А. Д. Сперанский ва шогирдону пайравони ӯ Патогенезро ҳамаҷиҳата омӯхтаанд. Ҳангоми муоинаи Патогенез табиб бояд ҳалқаи асосии тавлиди дардро дарёфта, аз паи муолиҷаи он кӯшад. Бинобар ин аниқ донистани аслу асоси касалӣ муолиҷаро муассир ва судманд месозад.

Адабиёт; Сперанский А. Д., Элемен­ты построения теории медицины, Моква— Ленинград, 1935; Патологическая физиология, Москва, 1973.

 

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …