Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пашшахона

Пашшахона

Пашшахона, пардаи тунукест, ки чодарвор кашида, шабҳои тобистон дар даруни он мехобанд, то ки аз ҳуҷуми пашша эмин бошанд. Пашшахона дар байни халқҳои Осиёи Миёна. аз ҷумла тоҷикон аз қадимулайём маълум буда, онро асосан аз дока, хоса, баъзан аз хомсуф медӯзанд.

Пашшахона одатан 4 м дарозӣ, 2,5 м бар ва то 2 м баландӣ дорад. Вале барои як нафар ба андозаи 1,5X2,5 м низ медӯзанд. Қисми поёни Пашшахона аз қисми болоиаш васеътар мешавад. Ба чор кунҷи болоӣ ва миёнаҳои теппааш таноббаста, онро дар айвон, болои кат, рӯи суфа ва ғайра устувор мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …