Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Лубнон

Партияи Коммунистии Лубнон

Партияи Коммунистии Лубнон (ПКЛ), чун партияи мустақил соли 1944 ба расмият даромад. Солҳои 1924—44 коммунистони Лубнон ба ҳайати Партияи Коммунистии Сурия (ПКС) дохил буданд. Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ дар муборизаи халқ барои истиқлолияти миллӣ ва баровардани қӯшунҳои хориҷӣ аз Лубнон мавқеи муҳим дошт. Солҳои 1948—70 Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ дар вазъияти ғайрилегалӣ буд. Соли 1948 Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ аз нав ба Партияи Коммунистии Сурия ПКС ҳамроҳ шуд, ки он то соли 1958 амал кард.

Съезди 2-юми Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ (1968) Программаи партияро қабул кард, ки дар он вазифаи мустаҳкам намудани истиқлолияти Лубнон, аз зӯроварии капитали хориҷӣ озод кардани иқтисодиёти он ба миён гузошта шуд. Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ ба тарафдории муттаҳид шудани қувваҳои ватандӯсти халқ барои дафъи амалиётҳои таҷовузкоронаи Исроил бар зидди Лубнон ва барҳам додани оқибатҳои таҷовузи зидди мамлакатҳои араб баромад мекард. ба ҳайати Совети марказии сиёсии Қувваҳои миллии ватандӯстии Лубнон (ҚМВЛ), ки соли 1976 ташкил шуд, дохил аст. Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ дар доираи Қувваҳои миллии ватандӯстии Лубнон КМВЛ ба империализм ва реаксия, ки кӯшиши дар хоки Лубнону Фа-ластин барҳам додани Ҳаракати муқобилатро доранд, монеъ мешавад. Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ дар Мақлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Раиси Партияи Коммунистии Лубнон ПКЛ — Никола Шаун. Котиби генераляӣ— Ж. Хауи.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …