Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика (ПАХК), июни 1931 барпо гардид (то 1943 Партияи коммунистӣ ном дошт). Конференсиям 1-ум (1931) устав ва декларасияи программавии партияро қабул кард. Партия ба бисёр корпартоиҳо роҳбарӣ кардааст. Солҳои 40-ум Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика бо дигар партияҳои чап блок баста, дар ҳайати ҳукумат дохил буд. Дар солҳои Ҷанги гражданӣ (1948) коммунистон ҳаракати мудобилатро бар зидди қувваҳои реаксионӣ роҳбарӣ мекарданд. Декабр 1959— январ 1960 Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика дар ташкил ва гузаронидани корпартоии коргарони плантасияҳои банани «Юнайтед фрут компании фаъолона иштирок кард. Съезди 11- уми Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика (1971) программаи нав қабул кард, ки он ба амал баровардани револютсияи демократӣ, аграрӣ, зидди- империалистӣ, амалӣ гардонидани револютсияи сотсиалистӣ ва ташкил кардани ҳукумати халқӣ-демократиро пешбинӣ мекард.
Ҳайатҳои вакилони Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика дар асоси принсипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия — съезд, дар байни съездҳо — Комитети Марказӣ ва Комиссияи сиёсӣ. Котиби генералии Комитети Марказии Партияи Авангарди Халқи Коста-Рика — М. Мора Валверде. Органи марказӣ — газетаи ҳафтаинаи «Ли- бертад» («Озодӣ»).