Параллакси Офтоб, параллакс и экваториалии уфуқии Офтоб, кунҷест, ки таҳти он радиуси экваториалии Замин аз масофаи миёнаи Офтоб намоён аст. Параллакси Офтоб бо усулҳои геометрӣ (тригонометрӣ), динамики (гравитатсионӣ) ва физикӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми истифода бурдани усулҳои геометрӣ мавқеи сайёраҳоро нисбат ба ситораҳо аниқ чен мекунанд.
Аз ду расадхонае, ки қариб дар як меридиан ҷойгиранду арзҳояшон ба қадри кофӣ дуранд, майли ин ё он сайераро бо ёрии доираҳои меридианӣ ё амудӣ муайян мекунанд. Бо ин роҳ параллакси экваториалии уфуқии сайёра муайян карда мешавад. Даври гардиши сайёраи мазкура ва Заминро дониста, дар асоси қонуни З-юми Кеплер параллакси матлуби Офтобро ҳисоб кардан мумкин аст. Ҳангоми истифода бурдани у с у л ҳ о и динамики ҷалаёнҳоеро меомӯзанд, ки дар натиҷаи ҷозибаи дигар ҷисмҳои осмонӣ дар ҳаракати сайёраҳо ва Моҳ ба вуҷуд меоянд.
Ҳангоми истифода бурдани усулҳои физикӣ аз ҷумла формулаеро ба кор мебаранд, ки суръати миёнаи ҳаракати Замин аз рӯи мадори телиосентрӣ (қариб 29,8 км/сон) ва нимтири калони мадораро ба ҳам мепайвандад. Суръати ро тавассути чен кардани суръатҳои шуоии ситораҳо, лағжиши допплерии радиорахҳо дар спектрҳои абрҳои байнисайёравии гидрогенӣ ва усулҳои дигар муайян кардан мумкин аст. Дар системаи собитаҳои астрономӣ, ки соли 1964 қабул шудааст, Параллакси Офтоб собитан астрономии ҳосилавӣ буда, ба 8,794” баробар мебошад.