Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Папалекси Николай Дмитрие­вич

Папалекси Николай Дмитрие­вич

Папалекси Николай Дмитрие­вич (2. 12. 1880, Симферополь — 3. 2. 1947, Москва), физики советӣ, акад. АФ СССР (1939; аъзо-корр. 1931). Баъд аз хатми Университети Страсбург (1904) дар ҳамин донишкада таҳти роҳбарии К. Ф. Браун кор кард. Аз соли 1914 мушовири Ҷамъияти русии телеграф ва телефони бесим буд. Яке аз муассисони Иниверситети политехникии Одесса   (1920); аз соли 1922 профессори ҳамин институт. Солҳои 1923—1935 ҳамроҳи Л. И. Манделштам ба шӯъбаи илмии Радиолабораторияи марказии

Папалексиро асосан аз чӯби тут месозанд. Овози Папалекси аз ҷиҳати тембр андаке қафо буда, диапазони қаторовозҳои диатолинии он чунинанд:

Ленинград роҳбарӣ намуд. Аз соли 1935 дар институтҳои физика ва энергетикаи АФ СССР дар Москва кор кард. Ра­иси Совети илмии умумииттифоқӣ оид ба радиофизика ва радиотехни­к и назди АФ СССР буд. Солҳои 1914—1916 дар соҳаи радиотелеграфияи самтир тадқиқот бурд, дар боби радиоалоқа бо киштҳои зериобӣ ва телеидораи онҳо таҷрибаҳо гузаронд, ба коркарди аввалин намунаҳои радиолампаҳои ватанӣ роҳбарӣ намуд.

Папалекси ҳамроҳи Л. И. Мандел­штам дар соҳаи лаппишҳои ғаирихаттӣ ва параметрӣ тадқиқоти рукнгузарро ба амал бароварданд; резо­нансҳои комбинатсионӣ ва параметриро кашф ва методи ангезиши параметрии лаппишҳои электриро ихтироъ карданд, бо ёрии методи интерференсионие, ки ихтироъ карда буданд, дар рӯи замин паҳн шудани радиомавҷҳоро муфассал омӯхта, суръати онҳоро ба ғояти аниқи чен карданд. Лауреати Мукофоти ба номи Д. И. Менделеев (1936), Мукофо­ти давлатии СССР (1942). Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …