Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Панкратова Анна Михайловна

Панкратова Анна Михайловна

Панкратова Анна Михайловна (16. 2. 1897, Одесса —25. 5. 1957, Москва), муаррих, ходими рартиявию ҷамъиятии советӣ, акад. АФ СССР (1953), аъзои халқии АФ РССБ (1940), АИП РСФСР (1944). Аз оилаи коргар. Аъзои Партияи коммуниста аз соли 1919. Соли 1917 факултети таърихи Университети Одесса (Новороссийск)-ро хатм намудааст. Солҳои Ҷанги гражданӣ (1918—1920) дар ҳаракати партизании губернатори Одесса иштирок кард. Солҳои 1920—1921 дар Украина ва Урал дар корҳои партиявӣ буд. Институти професураи сурхро хатм кардааст (1925), солҳои 1926—1930 дар мактабҳои олии СССР ва назди КМ КПСС дарс гуфта, аз соли 1939 дар Институти таърихв АФ СССР кор кард. Солҳои 1953—1957 сармуҳаррири журнали «Вопросы истории».
Панкратова оид ба таърихи ҳаракати коргарии рус ва таърихи ҷамъияти сове¬тӣ таърихи пролетариати Европаи Ғарбӣ як қатор асарҳои илмӣ навишт. Дар таълифи «Таърихи дип¬ломатия» иштирок намуд (Мукофоти давлатии СССР, 1946). Дар конгрессҳои байвалхалқии муаррихон намояндаи илми таърихи советӣ буд (1933—1934, Варшава; 1953, Будапешт; 1955, Рим). Роҳбари Комитети миллии муаррихони СССР (1955—1957), раиси Ассотсиатсияи ҳамкорӣ бо ТДМ дар СССР; аъзо-иорр. АФ Германия ва Руминия, аъзои фахрии АФ Венгрия. Дар съездҳои 19 ва 20-уми КПСС аъзои КМ интихоб гардид. Депутати Совети Олии СССР (даъвати 4), аъзои Президиуми Совети Олии СССР буд. Бо ордени Ленин, 2 орде¬ни дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …