Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Палата китобҳои РСС Тоҷикистон

Палата китобҳои РСС Тоҷикистон

Палата китобҳои РСС Тоҷикистон, муассисаи библиографии давлатист, ки асарҳои чопшударо ба ҳисоб мегирад ва оид ба нашрҳои библиографӣ маълумот модиҳад; маркази ахборот па пропагандаи илмию техникии соҳаи кори нашриёт, полиграфия, савдои китоб ва библиографияи давлатӣ. Дар СССР 15 Палата китобҳои республикавӣ, 2 Палата китобҳои республикаи автономи (Бошқирдистон ва Тотористон) ҳаст.

Ба онҳо аз ҷиҳати илмию методӣ Палатаи китобҳои умумииттифоқӣ роҳбарӣ мекунад. Палатаи китобҳои РСС Тоҷикистон соли 1935 ташкил ёфтааст. Дар фонди он маҳсулоти чопии солҳои 1923—1983 (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ) нигоҳ дошта мешавад, ки аз китобу рисолаҳо, автореферати диссертатсияҳо, ахбороти илмӣ, асарҳои тадқиқотӣ, журналҳо, нашрияҳои даврӣ, нота, харита, плакатҳо ва ғайраҳо иборат буда, тақрибан 1072224 нусхаро ташкил медиҳад (1980).

Палатаи қитобҳои РСС Тоҷикистон ҳар сол бештар аз 16 ҳазор нусха маҳсулоти чопӣ мегирад. Он аз соли 1939 ин ҷониб нашрияҳои худро дорад. Ҳар моҳ «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон»-ро нашр мекунад, ки он аз 5 қисм (феҳристи китобҳо, феҳристи мақолаҳои журналӣ, феҳристи мақолаҳои газетаҷӣ, феҳристи тақризҳо, феҳристи РСС Тоҷикистон дар матбуоти Иттифоқи Советӣ иборат аст. Адади нашраш ба 1000 нусха расидааст (1983).

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …