Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Паҳншавии радиомавҷҳо

Паҳншавии радиомавҷҳо

Паҳншавии радиомавҷҳо, просессҳои паҳншавии мавҷҳои электромагнитии радиодиапазон (дарозии мавҷашон аз 100 мкм бештар) дар атмосфера, фазои кайҳонӣ ва қабатҳои Замин. Паҳншавии радиомавҷҳо асосан ба даро­зии мавҷ, мунавварии атмосфе­раи Замин бо шуоъҳои Офтоб ва як қатор омилҳои дигар вобаста аст.

Дар муҳити якҷинса радиомавҷҳо чун шуоъҳои рӯшноӣ бо суръати доимӣ ростхатта паҳн мешаванд. Чунин Паҳншавии радиомавҷҳоро паҳншавии озоди р а д и о шу о ъ ҳ о меноманд. Радиомавҷҳо ҳангоми радиоалоқаи байни ст. рӯизаминӣ ва объекти кайҳонӣ (киштии кайҳонӣ, радиф, ст. автоматии байнисайёравӣ, ст. мадории илмӣ), байни ду объекти кайҳонӣ, байни ст. рӯизаминӣ ва самолёт ё худ байни самолётҳо ва ғайра озодона паҳн мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …