Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паасикиви Юхо

Паасикиви Юхо

Паасикиви (Paasikivi) Юхо Кус­ти (27. 11. 1870, Тампере —14. 12. 1956, Хелсинки), ҳодими давлатип Финляндия. Ҳуқуқшинос. Солҳои 1903—13 ва 1917— 18 дар органҳои роҳбарикунандаи партияи старофинӣ, 1907—13 депу­тати сейми Фин­ляндия. Солҳои 1903 —14 директори хазинаи давлатӣ, 1914—34 директо­ри генералии Бан­ки миллии аксионерӣ. Май — ноябр 1918 сарвазир. Дар гуфтушуниди Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия ва Финляндия оид ба сулҳ (14 окт. 1920) сардори ҳайата вакилони Финляндия буд. Солҳои 1934— З6 раиси Партияи миллии коалисионӣ, 1936—39 сафири Финляндия дар Швесия.

Соли 1939 ҳамчун сардори ҳайати вакилон дар гуфтушунид бо СССР хост манфиатҳои давлатии СССР ва Финляндияро ба инобат ги­рад, аммо ҳукуматаш ӯро дастгирӣ накард. 12 марта 1940 ҳамчун аъзои ҳайати вакилон ба сулҳномаи CСCP- Финляндия имзо гузошт. Апрели 1940- май 1941 сафири Финляндия дар СССР буд. Ба оппозисияи сулҳҷуён, ки аз ҷанг баромадани Финляндияро талаб мекард, ҳамроҳ шуд.

Феврал— марти 1944 бо ҳукумати СССР оид ба бастани сулҳ гуфтушу­ниди ғайрирасмӣ бурд. Ноябр 1944 марта 1946 сарвазир, марта 1946 — марта 1956 президенти Республикаи Финляндия. Солҳои 1944—56 раиси фахрии ҷамъияти «Финляндия — СССР» буд. П барои хизматҳои шоёнаш дар кори мустаҳкам намудан ва инкишоф додани муносибатҳои дӯстонаи байни Финляндия ва СССР бо ордени Ленин мукофотонида шу­да аст (1954).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …