Маълумоти охирин
Главная / Илм / Озодии Ирода

Озодии Ирода

Озодии Ирода, категорияи фалсафиест, ки мувофиқи он имсол дар ҳалли масъалаҳои мухталиф озод буда, мувофиқи салоҳдиди худ амал мекунад. Баҳсу мунозираҳои тезу- тунде, ки дар атрофи ин масъала аз замони Суқрот ин ҷониб давом доранд, ба аҳамияти ҳаётӣ доштани он гувоҳӣ медиҳанд. Дар шарҳи Озодии ирода ду ҷараёни фалсафӣ аз якдигар фарқ мекунанд: детерминизм (саба- бияти иродаро эътироф мекунад) ва индетерминизм (сабабияти иро­даро инкор мекунад).

Таълимоти фалсафии детерминизм аз рӯи шарҳи омиҳое, ки боиси амалиётҳои иродавӣ, мегарданд, боз ба ду тақсим мешавад: детерминизми меха­ники (Б. Спиноза, Т. Гоббс) ва пси­хологи (Т. Липпс). Таълимоти И. Фихте ва М. Ф. Мен де Биран намунаи ин детерминизми бештар босубот мебошад. Аммо дар таърихи фалсафа бештар таълимотҳои омехта ва эклектикие маъмуланд, ки нуктаҳои мухталифро ифода меку­нанд. Дуализми И. Кант аз ҳамин қабил аст.

Мувофиқи ақидаи Кант инсон чун вуҷуди оқил дар олами донисташаванда дорои Озодии ирода аст. Ва­ле дар олами таҷриба, ки дар он зарурати табиӣ ҳукмрон аст, ӯ дар интихоби худ озод нест, иродааш аз сабабе вобастагӣ дорад. Таъсири ин ақида дар таълимоти Ф. Шеллинг ҳам мушоҳида мешавад: вай аз як тараф, озодиро зарурати ботинӣ медонад, аз тарафи дигар, хусусияти худинтихобии фаъолияти нахустнии иродаро эътироф мекунад. Г. Ге­гель Озодии иродаро на ба одам, балки ба «рӯҳи ҷаҳонӣ» нисбат медиҳад, ки он фаҳмиши «соф*-и Озодии иродаро таҷассум мекунад.

Дар фалсафаи буржуазии охири  асри 19 ва асри 20 дар шарҳи Озодии ирода тамоюлҳои индетерминизми волюнтарӣ ва персоналӣ мавқеи хос доранд. Ба ин гурӯҳ дастури позитивиро дохил кар­дан мумкин аст, ки барои аз ин масъала сарфи назар кардан мекӯшид. Масалан, дар таълимоти А. Берг­сон дар ду тамоюл махлут мегар­данд. В. Винделбанд ҳодисаҳои иродавиро дар як маврид амалиёти сабабнок ва дар мавриди дигар ама­лиёти озодона медонад. Экаистенсиализми атеистӣ (Ж. П. Сартр, М. Хайдеггер) низ омӯзиши Озодии иродаро масъалаи муҳим медонад. Мувофиқи ин таълимот одам тавассуми озодии мутлақ буда, ба олами беруна муқобил аст. Дар ин ҷо Озодии ирода ба худиродагӣ табдил меёбад.

Дар таълимотҳои динии теистӣ масъалаи Озодии ирода дар рӯҳияи худмуайянкунии одам нисоат ба худо таҳқиқ мешавад. Ҳатто мафҳуми Озодии ирода, ки этикаи динӣ бе он шуда наметавонад, бо мафҳуми «файз» ва сар- навишт мухолифат дорад. Кӯшиши ҳалли ин зиддият боиси пайдоиши ҷараёнҳои динию фалсафии мухта­лиф гардидааст (масалан, томизм ва молинизм дар католицизм, калви­низм ва арминианчигӣ дар протес­тантизм). Навъҳои ашадитарини таълимоти динию детермивистӣ дар бораи сарнавишт, ки вобастагии мутлақи шахсияти инсонро аз қувваҳои фавқуттабиӣ, иродаи илоҳӣ тарғиб мекунад, бо ҳамроҳии детерми­низми натуралистӣ ва эътиқодҳои гуногун ба қазову қадар шаклҳои асосии таълимоти фатализм мебошанд.

Озодии ирода дар афкори фалсафию ахлоқӣ ва мазҳабии форсу тоҷик низ яке аз масъалаҳои марказӣ ва мушкилписанд ба шумор мерафт. Файласуфону мутафаккирони пешин ҳамчун намояндаҳои мактабу равия ва фирқаҳои гуногун дар ҳалли масъалаи Озодии ирода мавқеъҳои мухолифро ишғол кардаанд.

Дар ин бобат таъсири ис­лом ҳамчун идеологияи ҳукмрон ва Қуръон, ки Озодии иродаро ба таври мухолиф маънидод мекарданд, низ зиёд аст. Дар фалсафаи арабу форсизабон масъалаи Озодии иродаро бори аввал аҳли мурҷиия ба миён гузоштанд. Меҳвари бадеӣ ду ҷараёни мухолифмавқеъ — ҷабария ва қадарияро маҳз Озодии ирода ташкил медод. Ҷабариён Озодии иродаро мутлақан инкор карда, мухтории инсонро дар интихоби роҳу тариқи зиндагӣ намепазируфтанд. Қадария, баръакс Озодии ирода ва соҳибихтиёрии инсонро комилан эътироф на- муда, ӯро ба натиҷаи фаъолияташ масъул медонист.

Тамоюлоти ҷараёнҳои мазкурро дар ҳалли масъалаи Озодии ирода минбаъд мӯътазилия ва ашъария давом дод. Асосгузори мӯътазалия Восил ибни Ато дар асоси эътирофи адолати худо соҳибихтиёрии инсонро пазируфта, сарнавиштро инкор намуд.

Ба қавли Ҷалолуддини Румӣ «мӯътазила мегӯянд, ки холиқи афъол банда аст ва дар феъле, ки аз ӯ содир мешавад, банда холиқи он феъл аст» (Ҷалолиддини Румӣ. Фиҳӣ мо Фиҳӣ. Теҳрон 1330, соли 200). Ашъариён ҳамчун тарафдорони таълимоти ҷабария ба муқобили мӯътазилия баромада, Озодии ирода ва соҳибихтиёрии инсонро дар аъмолу кирдори ӯ ба куллӣ рад мекарданд.

Ба қавли асос­гузори ашъария Абулҳасани Ашъарӣ фаъолияти инсон мутлақан ба иродаи Оллоҳ вобаста аст. Муборизаи мазкури ғоявӣ билохира бо ға- лабаи ашъариён анҷом ёфт, аммо баҳс дар пиромуни масъалаи Озодии ирода дар асрҳои минбаъд низ дар таълимоти Умари Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Насируддини Тӯсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Алии Ҳамадонӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон идома ёфтааст.

Фалсафаи марксистӣ диалектикаи озодӣ ва заруратро асоси шарҳи масъалаи Озодии ирода медонад.

Адабиёт: Энгельс Фридрих, Анти-Дюринг, Душанбе, 1975; Ленин Владимир. Илич, Дафтарҳои фило­софӣ, Асарҳои, ҷилди 38.

Адабиёт: О д и л о в Н.. Ҷаҳонбинни Ҷалолиддин Румӣ, Душанбе 1964; Турсунов А., Эхёи Аҷам, журнали «Садои Шарқ», 1982, № 1, 5; Диноршоев М., Философия Носириддина Туси. Душанбе,       1969; Б ертелс Е. Э. Избранные труды. Су­физм и суфийская литература, Москва, 1965; Новиков К. А., Свобода воли и марк­систский детерминизм, Москва, 1981.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …