Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Охундов Мирзо Фатҳалӣ

Охундов Мирзо Фатҳалӣ

Охундов Мирзо Фатҳалӣ (12. 7. 1812, Шекӣ. ҳозира Нуҳо —10. 3. 1878, Тифлис), нависандаи маорифпарвари озар, файласуфи материа­лист. Асосгузори драматургия ва насри реалистии Озарбойҷон. Забонҳои русӣ, арабӣ ва туркиро медонист. Дар Кавказ дар идораи гумоштаи шоҳ (Тифлис, 1834—78) вазифаи тарҷумониро адо менамуд. Дар Омӯзишгоқи уездии Тифлис аз забонҳои форсӣ ва туркӣ дарс гуфтааст. Фаъолияти эҷодии Охундов аз охири солҳои 20 асри 19 шурӯъ шудааст. Асарҳои аввалини ӯ қасидаи «Шикоят аз за­мона» ва «Поэмаи Шарқ» (ҳар ду ба забони форсӣ) ном дорад. «Поэ­маи Шарқ» (тарҷумаи русӣ 1837) дар бораи бузургӣ ва мақоми Александр Сергеевич Пуш­кин дар таърихи адабиёти рус ва ҷаҳон ва марги фоҷеавии шоир ҳикоят мекунад.

Табъи эҷодии Охундов хусусан дар дра­матургия хело барҷаста зоҳир гаштааст. Аз соли 1850 то 1856 шаш мазҳака офарид, ки дар онҳо ҳаёти Озарбойҷони нимаи якуми асри 19 ба таври реалистӣ инъикос ёфтааст. Дар мазҳакаҳои «Ҳикояти мусе Жордан, ҳакими наботот ва дарвеш Мусталишоҳ, ҷодугари машҳур» (1850), «Ҳикояти Муллоиброҳими Халили кимёгар» (1850) тавассути образи мусбат хислатҳои фардии инсон, аз қабили меҳнатдӯстӣ, иродаи қавӣ доштан ва ғайра тарғиб шудааст. Дар мазҳакаи «Саргузашти вазири хони Ленкоран» (1850) бошад, ахлоқи замимаи вазирон, тирагии ақоиди хонҳо, муносибат, рафтори мардум ва танқиди замона нишон дода шудааст. Дар «Ҳикояти хирс, фотеҳи роҳзан» (1851) зиндагии мардуми Озарбойҷон дар миёнаи асри 19 таҳлил шуда, дар мазхакаи «Саргузашти марди хасис» (1852) ва повести ҳаҷвии “Кавокиби фирефташуда” (1857) таназзули муносибатҳои феодалӣ- патриархалиро тасвир кардааст.

Ҳамроҳшавии Озарбойҷони Шимолӣ ба Россия воқеаи муҳимми таърихӣ дар ҳаёти ҷамъиятии халқи озар буда, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ин сарзамин таъсири прогрессивӣ расонд.

Дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ ва мадание, ки дар Озарбойҷон ба вуҷуд омаданд, дар афкори пешқадами ҷамъиятию сиёсӣ ва фалсафии мардуми он, аз ҷумла Охундов инъикос ёфтаанд. Ҷаҳонбинии Охундов зори таъсири ақидаҳои пешқадами мутафаккирони рус, дар натиҷаи шиносоии ӯ бо адабиёти томарксистӣ, махсусан бо асарҳои В. Г. Белинский, Н. Г. Чернышевский, Н. В. Гогол, А. С. Грибоедов, Салтыков-Щедрин ва дигар, муносибати бевоситааш бо шахсони пешқадами Россия, ки ба Кавказ бадарға шуда буданд, ташаккул ёфтааст. Таълимоти материалистони асри 18-и Франсия низ ба ташаккули афкори иҷтимоӣ-фалсафии ӯ таъсири мусбат расонд. Охундов дар рисолаи фалсафии «Се мактуби шоҳзодаи Ҳинд Камолуддавла ба шоҳзодаи Эрон Ҷалолуддавла ва ҷавоби ин ба вай» (ба забонхои туркӣ, фор­сӣ ва русӣ навишта шудааст), мақолаи «Ҷавоб ба ҳакими англис Юм» ва ғайра ақидаҳои материалистӣ ва атеистиро инкишоф дода, ҷовидонии рӯҳро инкор ва илму фалсафаро аз дин чудо карда, ба омӯзиши табиат даъват менамуд.

Охундов материяро ҷавҳари ягона, тафаккурро маҳсули материя медонад. Ба таври объектавӣ дар вақту фазо вуҷуд доштани материя ва мувофиқи қонуниятҳои дохилӣ ҳаракат намудани онро эътироф намудааст. Охундов бо вуҷуди дар назарияи маърифат ғояи сенсуализми материалистиро пазируфтан диалектикаи зинаҳои ҳиссӣ ва ақлии маърифатро ошкор карда натавонист. Охундов бар зидди зулми иҷтимоӣ, ба ҳимояи ҳуқуқи занони Шарқ баромада, дар бораи бо роҳи зӯрӣ сарнагун сохтани истисморкунандагон изҳори ақида намуда буд. Охундов мақсади тарбияро дар ташаккули граж­данҳои ватандӯсту бошуури аз таъ­сири эътиқодоти динӣ озод медид. Ба тарбияи эстетикии насли наврас диққатӣ махсус дода, методи реалистиро (ки ҳақиқатро ба таври реалистӣ тасвир мекунад) тарғиб, ислом ва таассуботи диниро танқид, оштинопазирии эътиқод ва дониш, роли иртиҷои динро дар ҷамъият махсусан қайд кардааст. Ба мақсад мувофиқ будани ивази алифбои арабиро ба лотинӣ низ тарғиб мекард.

Асарҳои Охундов ба забонҳои русӣ, немисӣ, франсавӣ, англисӣ ва бисёр забонҳои халққои СССР тарҷума шуда, ба инкишофи маданият, адабиёт ва афкори ҷамъиятии халқҳои Шарқ таъсири зиёд расонданд.

Acос: Мактубҳо, Сталинобол, 1950; Изб­ранное, Москва . 1956; Избранные философские про­изведения . Москва , 1962. Адабиёт: Р а ф и л и М., Ахундова, Москва. 1959; Мамедов Ш.          Ф.,Мировоззрение |

М. Ф. Ахундова, Москва, 1962; Р а а е в А. К,. Политические взгляды М. Ф. Ахундова, Баку, 1008; Сама дон В.. Основные вопросы таджикско-азербайджанских литературных связей в XIX в., Душанбе, 1975.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …