Маълумоти охирин
Главная / Илм / Овариз

Овариз

Овариз (саҳеҳаш а в а р и з), андози фавқулоддаест, ки аз деҳқонон ва косибон барои хароҳоти ҷанг ва ҷашнҳои дарбори шоҳ ситонида мешуд. Овариз дар Мовароуннаҳру Хуросон ҳанӯз то истилои муғул вуҷуд дошта, дар давраи ҳукмронии муғулҳо хеле авҷ гирифт.

Дар замони давлатдории Темур ва Темуриён низ Овариз ситонида мешуд. Дар ҳуҷҷатҳои асрҳои 16—19 ин навъи андоз бештар вомехӯрад. Баъди барпо карда шу­дани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна барҳам хӯрд.

Адабиёт:       Иванов П. П., Хозяйство джуйбарских шейхов. К истории фео­дального землевладения в Средней Азии, в XVI—XVII вв., Москва—Ленинград, 1954.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …