Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Отахонова Хуршеда

Отахонова Хуршеда

Отахонова Хуршеда (таваллуд 2. 9. 1932, Душанбе), адабиётшиноси со­ветии тоҷик. Аз оилаи хиаматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1959. Соли  1953  Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кард.  Аз соли 1953 ходими  илмӣ ва аз соли 1972  мудири шуъбаи  мероси адабии Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Аввалҳо шеъру ҳикоя менавишт. Фаъолияти илмиаш аз соли 1956 cap шуд. Таълифоти Отахонова масъалаҳои гуногуни адабиёти советии тоҷикро дар бар мегирад, Муаллифи китобҳои «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (1962), «Навдаҳои навҷӯӣ» (маҷмғи мақолаҳо, 1972), «Аз рӯи меҳр меҳр» (1979).

«Пайванди ҳис ва андеша» (1982) ва ғайра.  Боби «Адабиёти советии тоҷик дар давраи баъди ҷанг (1945— 53)»-и китоби шашҷилдаи «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» (ҷилди IV, Москва, 1972) ба қалами Отахонова мансуб аст. Яке аз муаллифони асари 6-ҷил- даи «Таърихи адабиёти советии тоҷик» мебошад. Дар нашри осорн адибони советии тоҷик А. Деҳотӣ, М. Раҳимӣ, А. Лоҳутӣ иштироккардааст. Бо унвони «Зебоии ҳаёт ва хусни инсон» (1972) ва «Ҳусни инсон» (1975) рисолаҳои илмии оммавӣ дорад. Аз соли 1968 узви ИН СССР. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …