Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Осори Карл Маркс ва Фридрих Энгелс

Осори Карл Маркс ва Фридрих Энгелс

Осори Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ҷамъоварӣ, чоп, интишор ва омӯхтани мероси ғоявию адабии асосгузорони коммунизми илмӣ яке аз шартҳои муҳими аз ҷиҳати идеологӣ тақвият додани ҳаракати байналхалқии коргарӣ мебошад. Як қатор асарҳои муштараки Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ҳангоми дар қайди ҳаёт будани онҳо дар шакли китоби алоҳида чоп шудаанд (бештар бе номи муаллиф): «Хонадони валиён, ё Танқиди танқиди танқидӣ» (1845), «Ма­нифести Партияи Коммунистӣ 1848, 1872, 1883, 1890, 1891, 1894) ва ғайра; асарҳои Карл Маркс: «Қашшоқии фалсафа» (1847), «Ҳаждаҳуми брюмери Луи Бонапарт» (1852, 1869), «Доир ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» (нашри аввалааш 1859), «Капитал» (ҷилди1 1867), «Ҷанги гражданӣ дар Фран­сия» (1871, нашри 3) ва ғайра; асарҳои Энгелс: «Аҳволи синфи коргар дар Англия» (1845, 1848, 1892), «Ҷанги деҳқонон дар Германия» (1870,1875), «Анти-Дюринг» (1878, 1886, 1894), «Инкишофи сотсиализм аз утопия ба илм» (1880), «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» (1884, 1886, 1889, 1891, 1892, 1894), «Людвиг Фей­ербах ва анҷоми фалсафаи классикии немис» 1888) ва ғайра.

Садҳо мақолаҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс дар матбуоти даврагии прогрессивӣ ва демок­ратии пролетариати Германия, Британияи Кабир. Франсия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ита­лия, Испания ва дигар мамлакатҳо  нашр шудаанд. Тарҷумаи русии баъ­зе мақолаҳои Карл Маркс ва Фридрих Эн­гелс дар саҳифаҳои журнали «Народное дело», «Вестник Народной Воли*. «Социал-демократ» ва ғайра дарҷ гардид.

Аз ибтидои солҳои 80 асри 19 cap кар­да дар худи Россия низ нашри асар- ҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс (беш­тар пинҳонӣ) ба роҳ монда мешавад. Кружокҳои марксистии Москва, Пе­тербург, Нижний Новгород, Самара, Қазон, Киев, Харков ва шаҳрҳои дигар «Манифести Партияи Комму­нистӣ» ва асарҳои дигарро нашр намудаанд. То соли 1905 «Капитал» (ҷилди 1 соли 1872, ҷилди 2 соли 1885, ҷилди 3 соли 1896), «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат», «Доир ба танқиди иқтисодӣ сиёсӣ», «Қашшоқии фалсафа», «Анти-Дюринг» ошкоро чоп шудаанд. Владимир Илич Ленин дар нашр ва интишори мероси адабии Карл Маркс ва Фридрих Энгелс дар Россия саҳми калон гузоштааст.

Ӯ «Ҷанги гражданӣ дар Франсия» (1905), «Бакунинчиён дар сари кор» (1905 ва 1906), мактуби «Маркс ба Кугелман (1907), мактуби Маркс ва Энгелс ба Зорге (1907)-ро ба чоп таҳия кардааст. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар наш­ри асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс давраи нав cap шуд. Солҳои 1918—22 дар Россияи Советӣ барои чопу интишори асарҳои 28-ҷилда кӯшиш карда шудааст. Дар ин солҳо аз сабаби набудани таҷрибаи илмӣ фақат 4 ҷилдаш чоп шуд. Соли 1921 бо ташаббуси Владимир Илич Ленин дар Москва Институи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс таъсис кар­да шуд (баъдтар Институти Маркс—Эн­гелс—Ленин, ҳоло Институти марксизм- ленинизм дар назди Комитети Марказии КПСС).

Ин­ститути мазкур аввалин дар ҷаҳон марка­зи илмӣ оид ба ҷамъ намудан, омӯхтан ва интишори асарҳои классикони марксизм гардид. Институт солҳои 1928—46 бо қарори Съезди 13 РКП (б)  нашри якуми асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелсро иборат аз 29 ҷилд (34 китоб)ба забони русӣ чоп намуд, нашри мазкур 1247 асар ва 3298 мактуби асосгузорони .марксизмро дарбар мегирифт. Дар як вақт материалҳои тайёри дар ҷилди «Архиви Маркс ва Энгелс» чоп шуданд. Солҳои 30 ва 50 “Асарҳои мунтахаб”-и Карл Маркс ва Фридрих Энгелс иборат аз ду ҷилд, «Мактубҳои мунтахаб»-» Карл Маркс ва Фридрих Энгелс, «Мактуби Карл Маркс ва Фридрих Энгелс дар бораи «Ка­питал», «Мукотибаи Карл Маркс ва Фридрих Энгелс бо ходимони сиёсии рус» нашр шудаанд. Бисёр асарҳои пеш номаълуми Карл Маркс ва Фридрих Энгелс баъди интишори осор онҳо дарёфт шуданд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ Институт миқдори зиёди мактуб ва дастхатҳои навро ба даст овард. Зарурати наш­ри 2 ба миён омад. Нашри дуюм, ки бо қарори Комитети Марказӣ КПСС солҳои 1955—66 (ҷилдҳои асосӣ) ва солҳои 1957—82 (ҷилдҳои иловагӣ) ба амал бароварда шуд, аз 39 ҷилд иборат су­да, 1600 асар ва қарпб 4000 мактубро дар бар мегирад. Ин нашри аз ҳама пурраи (дар худуди 1500 ҷузъи чопӣ) мероси адабӣ ва мукотибаи Крл Маркс ва Фридрих Энгелс аст.

Соли 1982 ҷилди охирини иловагии нашри дуюми русии асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс аз чоп баромад. Ҳоло нашри дуюми асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс аз 39 ҷилд (54 китоб) иборат мебошад.

Дар баробари нашри асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс дар СССР мун7 тахаботи бисёрҷилда—ҷилдҳои «Ар­хиви Карл Маркс ва Фридрих Энгелс», «Асарҳои нахустини Карл Маркс ва Фридрих Энгелс», маҷмӯаи тематикӣ ва асарҳои алоҳидаи онҳо бо нусхаи зиёд ба забони русӣ ва дигар забонҳои халқ- ҳои советӣ ба табъ расидаанд. Умуман дар солҳои 1917—1982 асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс дар СССР 3521 маротиба ба 97 забони халқҳои советӣ ва халқҳои мамлакатхои хориҷӣ нашр шудаанд, ки нусхаи якҷояи онҳо 131 миллиону 175 хазор мебошад.

Асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелсро дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон низ бо нусхаи зиёд чоп карда, қавму миллатҳои гуногун мутолиа ме­намоянд. Асарҳои онҳо умуман ба 112 забони халқҳои ҷаҳон нашр шу­даанд.

Соли 1983 халқҳои мамлакатҳои со­тсиалистӣ, ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ва коргарӣ, тамоми инсонияти тараққипарвар 165-солагии зодрӯз ва 100-солагии рӯзи вафоти Карл Марксро ҷашн гирифтанд. Ба ин муносибат як қатор асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Энгелс ба забонҳои халқҳои советӣ чоп шуданд. Осори безаволи классиконӣ марксизм-ленинизм комёбии олитарини афкори инсонӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, сарвати бебаҳои ҳаракати байналхалқии коммунистию коргарӣ ва тамоми инсонияти тараққипарвар мебошад.

Омӯзиши таълимоти Карл Маркс, Фридрих Эн­гелс ва Владимир Илич Ленин барои халқи советӣ эҳтиёҷоти ҳамешагаи маънавист. Марксизм-ленинизм раҳнамои тавонои халқи советӣ дар сохтмони коммунизм мебошад. Идёяхои ҷовидонии марксизм-ленинизм барои ҳамаи  халқҳое, ки барои бунёди ҷамъиятн сотсиалистӣ ва коммунистӣ хизмат мекунанд, ба сифати дастури бузурги назариявӣ хизмат мекунанд.

Осори Карл М а р к с ва Фридрих Эн­гелс ба забони то ҷ и кӣ. .Баъди ташкил ёфтани  Нашриёти давлатии Тоҷикистон соли 1925 барои ба забони тоҷикӣ мунтазам нашр намудани адабиёти марксистӣ шароит фароҳам омад. Соли 1933 ба муносибати 115-солагии зодрӯзи Карл Маркс аввалин бор маҷмӯаи мақолаҳои Фридрих Энгелс «Дар бораи Маркс ва марксизм» (14-уми марти соли 1883), «Мактуб дар бораи вафоти Карл Маркс», маҷмӯи мақолаҳои, Фридрих Эн­гелс ва Владимир Илич Ленин «Дар бораи Маркс ва марксизм» ба забони тоҷикӣ нашр шуданд (22 ҳазор нусха).

Соли 1940 «Манифест Партияи Комму­нистӣ,  ки ба он «Устави Иттифоқи коммунистонӣ ва асари Фридрих Энгелс «Принсипхои коммунизми иловашу­да буданд, инчунин асарҳои Карл Маркс «Танқиди программаи Гота», Фридрих Энгелс «Дар бораи материалиа- ми таърихӣ» (аз сарсухани китоби «Инкшпофи сотсиализм аз утопия ба илм») ба тоникӣ аз чоп баромаданд (14 ҳазор нусха). Соли 1948 «Манифест Партияи Коммунист» ду маротиба (10 ҳазор нусха) ба забони тоҷикӣ нашр_ гардид. Солҳои 1952—60 боз 12 номгуй асарҳои Карл Маркс ва Фридрих Эн­гелс ба забони тоҷикӣ нашр шу­данд (79 ҳазор нусха).

Баъдтар филиали тоҷикистонии ИМЛ Асарҳои мунтахаби Карл Маркс’ ва Фридрих Энгелсро дар ду ҷилд ба за­бони тоҷикӣ ба нашр тайёр намуд, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон ҷилди якумро соли 1963 ва ҷилди ду­юмро 1965 аз чоп баровард. Тиражи хар ҷилд 5 ҳазор нусхагӣ буд. Ба Мунтахаботи дуҷилда 38 асар ва 20 мактуби Карл Маркс ва Фридрих Энгелс до­хил шудаанд.

Минбаъд асарҳои зерини асосгузорони коммунизми илмӣ ба забони тоҷикӣ нашр шудаанд: Карл Маркс ва Фридрих Энгелс «Манифест Партияи Коммунист» (1968, 1977 ва 1981), Карл Маркс «Музди кор, нарх ва фон­да» (1967), «Ҷанги гражданӣ дар Франсия» (1977), «Меҳнати кироя ва капитал» (1978), «Танқиди про­граммаи Гота» (1982), «Қашшоқии фалсафа» (1983), Фридрих Энгелс «Анти- Дюринг. Табаддулоти ҷаноби Евге­ний Дюринг дар илм» (1975), «Карл Маркс» (1980), «Инкишофи сотсиа­лизм аз утопия ба илм», «Людвиг Фейербах ва анҷоми фалсафаи классикии немис» (1982), Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва Владимир Илич Ленин маҷмӯаи асарҳо «Дар бораи коммунизми ил­мӣ» 1969) ва ғайра. Ин асарҳо 67 ҳазор нусхаанд.

Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ (то соли 1983) 34 номгӯй асархои алохида ва ду ҷилди мунтахаботи Карл Маркс ва  Фридрих Энгелс, ки 58 асару мактубҳои онҳоро дар бар мегиранд, ба за­бони тоҷикӣ ба табъ расидаанд, ки нусхаи якҷояи ин асархо қариб 200 ҳазор мебошад.

Ба забони тоҷикӣ нашp гардидани осори Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва Владимир Илич Ленин дар ҳаёти маънавии халқи тоҷик воқеаи муҳим буда, комёбии бузурги маданият халқи тоҷик ме­бошад. Осори асосгузорони коммунизми илмӣ дар тарбияи одами нав бинокори коммунизм мақоми бузург дошта, ба инкишофи афкори фалсафӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсй дар Тоҷикистон таъсири калон мерасонад. Тарҷума ва таҳияи Осор барои нашр ба забони русӣ ва забонҳои миллии СССР ба зиммаи Институти марк­сизм-ленинизм дар назди Комитети Марказӣ КПСС ва филиалҳои дар республикаҳои иттифоқӣ будан он гузашта шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …