Маълумоти охирин

Осиё

Осиё (юнонӣ Asia, шояд аз калимаи ошурии асу — шарқ бошад), калонтарин қитъаи рӯи Замин, ки масоҳат (якҷоя бо Кавказ) тақрибан 43,4 миллион километр аст. Қараб тамоми Осиё дар нимкураҳои Шимолӣ ва Шарқии Замин ҷой гирифта, якҷоя бо қитьаи Евро­па материкӣ Евросиёро ташкил медиҳад. Гарданаи Суэс Осиёро бо Аф­рика пайваст намуда, гул. Беринг онро аз Америкаи Шимоли ҷудо мекунад.

Қитъаро аз Шимол баҳрҳои уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, аз Шарқи уқёнуси Ором ва баҳрҳои канории он, аз Ҷануб уқёнуси Ҳинд ва баҳру халиҷҳои он, аз Ғарб баҳрҳои уқёнуси Атлантик (Миёназамин, Мармар, Сиёҳ, Азов) иҳота кардаанд. Дар Осиё калонтарин кӯлҳо — Каспий ва Арал воқеъ гаштаанд. Осиё ҷазираҳои сершумор (масоҳати умумиашон беш аз 2 миллион километр2) дорад. Калонтарини онҳо: Замини Шимолӣ, ҷазираҳои Новосибир, Курил, Сахалин, Япония, Тайван, Филиппин, ҷазираҳои галаҷазира. Малай, Шри-Ланка (Сейлон), Кипр. Канортарин нуқтаҳои материкии Осиё дар Шимол— димоӯаи Челюскин (77° 43′ а. ш.), дар Шарқ— димоғаи Деж­нёв (169°40/ т. ғ.), дар Ҷануб—димогаи

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …