Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Орҷоникидзе Григорий

Орҷоникидзе Григорий

Орҷоникидзе Григорий Констан­тинович (Серго) [24, 10. 1886. деҳаи Гореш, уезди Шорапани губурнияи Кута­иси, ҳозира райони Орҷоникидзеи Республикаи Советии Сотсиалисти  Гурҷистон— 18. 2. 1937, Москва, ҳодими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи дворянин.

Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1903. Солҳои 1901— 05 дар мактаби фелдшерии Тбили­си таҳсил кардааст, дар кружокҳои сотсиал-демократ иштирок карда, аз соли 1903 дар байни коргарони устохонаҳои асосии роҳи оҳани Закавказия пропаганда бурдааст. Иштирокчии Револютсияи 1905—07 дар Закавказия. Декабри 1905 дар вақти кашондани яроқу аслиҳа барои отрядҳои револютсионӣ ҳабс шуда, май 1906 бо гарав озод карда шуд ва моҳи август ба Гер­мания ҳиҷрат кард.

Соли 1907 дар Боку корҳои партиявӣ бурд, ташкилотчии партиявии райони Балахан ва аъзои Комитети бокугии РСДРП буд. Ноябри 1907 ҳабс гардид. Соли 1909 ба губернияи Ени­сейск бадарға шуд. Августи 1909 аз он ҷо ба Эрон фирор кард ва дар Револютсияи 1905—11-и Эрон иштирок намуда, супоришҳои Комитети бокугии РСДРП- ро иҷро кард. Соли 1911 ба Париж рафта дар Мактаби партиявӣ дар Лонжюмо таҳсил намуд.

Тобистони 1911 бо супориши Владимир Илич Ленин ба Россия баргашта, ҳамчун вакили Комиссияи ташкилии хориҷӣ кор кард ва аъзои Комиссияи ташкилии россиягӣ оид ба даъват кардани Конференсияи 6-уми умумироссиягии РСДРП буд; ба як қатор ташкилотҳои партиявии шаҳрҳои саноатӣ рафта бо корҳои онҳо шинос шуд. Вакили Конферен­сияи 6-уми (прагагии) умумироссия­гии РСДРП, аъзои КМ ва Бюрои КМ РСДРП оид ба Россия интихоб шуд. Апрелт 1912 дар Петербург боз ҳабс гардид, октябри ҳамон сол ба каторгаи 3-сола ва бадарғаи доимӣ ба Сибир маҳкум гашт.

Солҳои 1912—15 дар ҳабсхонаи Шлисселбург буд, баъд ба Ёқутистон бадарға карда шуд. Баъди Револютсияи феврали 1917 аъзои Комитети иҷроияи Совети Ёқутистон интихоб мешавад. Июни 1917 аъзои Комитети петербургии РСДРП (б) ва Комитети иҷроияи Совети Петроград. Баъди рӯзҳои июлии 1917 дар ташкили ба пинҳонкорӣ гузаштани Ленин ишти­рок намуд; ду бор ба Разлив рафта, дар бораи вазъияти кори партия ба Ленин ахборот дод ва барои партия директиваҳо гирифт.

Вакили Съезди 6-уми РСДРП (б), дар Съезд маърӯза карда, нишон дод, ки ба суди Ҳукумати муваққатии аксулинқилобӣ ҳозир шудани Владимир Илич Ленин мумкин нест. Супоришҳои КМ партияро иҷро намуда, июн-август дар Петроград, сентябр-октябр дар Закавказия кор кард. 6 ноябри 1917 дар шӯриши мусаллаҳона, баъд дар ҷангҳои зидди қӯшунҳои Керенский-Краснов иштирок на­муд.

Декабри 1917 Комиссари фавқулод­даи муваққатии ноҳияи Украина, ре­визори мухтори Комиссариати халқии озуқа дар ҷануби мамлакат таъин шуд. Апрели 1918 ба Комиссариати фавқулоддаи муваққатии ноҳияи Ҷанубӣ роҳбарӣ кард. Солҳои Ҷанги граж­данӣ (1918—20) сардори сиёсӣ дар қӯшунҳои Армияи Сурх. Соли 1918 аъ­зои КИМ-и республикаи Дон, яке аз ташкилотчиёни мудофиаи Сарисин (ҳозира Волгоград), раиси Совета Мудофиаи Кавкази Шимолӣ. Соли 1919 аъзои Совета Ҳарбии Револютсионӣ (СҲР)-и армияи 16-уми Фронти

Ғарбӣ, баъд армияи 14-уми Фронти Ҷанубӣ, яке аз роҳбарони Армияи Сурх дар торумор кардани қӯшунҳои Деникин дар назди Орёл, озодкунии Донбасс, Харков, Уқраинаи соҳили чапи Днепр буд. Аз соли 1920 аъзои СҲР-и Фронти Кавказ ва раиси Ко­митети револютсионии Кавкази Шимолӣ, Раиси бюро оид ба барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар Кавкази Шимолӣ.

Аз апрели 1920 раиси Бюрои кавказии КМ РКП (б), иштирокчии фаъоли барпокунии Ҳокимияти Советӣ дар Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон. Солҳои 1922—26 котиби якуми Ко­митети партиявии кишвари Закав­казия, котиби якуми Комитета партиявии кишвари Кавкази Шимолӣ. Солҳои 1926—30 раиси Комитети Марказии Назорати (КМН)-и ВКП(б) ва комиссари халқии ИКД, ҷонишини раиси СКХ ва Совети Меҳнат ва Мудофиаи СССP, аз соли 1924 аъзои СҲР-и СССР.

Аз ноябри 1930 раиси Совета Олии хоҷагии халқ, баъд комиссари халқии саноати вазнини CCСP. Орҷоникидзе дар индустрикунонни сотсциалистӣ дар СССР ҳиссаи калон гузоштааст. Вакили съездҳои 11— 17-уми партия; аз соли 1921 аъзои Комитети Марказӣ, аз 1926 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии Комитети Марказӣ, аз декабр 1930 аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказӣ ВКП(б). Аъзои КИМ-и СССР. Бо ордени Ленин ва 2 ордени дигар мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх, назди девори Кремл дафн карда шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …