Маълумоти охирин
Главная / Илм / Органогенез

Органогенез

Органогенез (аз орган ва …генез), дар ҳайвонот ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани узвҳост. Органогенез онтогенезӣ ва филогенезӣ мешавад. Органогенез онтогенезиро эмбриология ва Органогенези филогенезиро анатомияи муқоисавӣ меомӯзад. Ин фанҳо ғайр аз баёну таҳлили ҷараёни npoсессҳои Органогенез, сабабҳои ба вуҷуд омадани ин просессҳоро дар ҷараёни онтогенез ва филогенез низ тадқиқ мекунанд. Анатомияи муқоисавӣ масъалаҳои пайдоиши узвҳои нав, аз нав ташаккул ёфтан, тақсимшавӣ, инкишофи тахфиф ва просесс­ҳои танаазули онҳоро ҳал менамояд.

Омӯзиши вобастагии функсия ва сохти узвҳо қонуниятҳои асосии Органогенези филогенези (диференсиасия — дар просесси инкишоф дар организм ё ягон қисми он ба вуҷуд омадани фарқияти морфологӣ ва функсиона­лӣ; интеграсия — просесси ба тартиб даромадан ва бо ҳамдигар мувофиқат кардани сохту функсия дар организми бутун, ки ба ҳамаи мавҷудоти зинда хос аст; тағйири функ­сия)-ро ошкор намуд, ки он омили асосии аз нав ташаккул ёфтани филогенези узвҳо ба шумор меравад.

Органогенези онтогенезӣ ба андозаи муайяне такрори Органогенези филогенезист. Дар давоми Органогенези онтогенезӣ дифференсиа­сия ва интеграсияи паи ҳами узвҳо, инчунин сабзиш ва ҷойивазкунии фаъоли материали ҳуҷайравӣ ба вуқӯъ меояд.

Дар растаниҳо Органогенез одатан дар просесси онтогенез аз меристема (қисми дифференсиасиянашудаи бофта) ҳосил шудан ва инкишоф ёфтани узвҳо (реша, поя, барг, гул)-ро ифода мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …