Организмҳои автотрофӣ (аз юнонӣ autos — худ ва trophe — хӯрок), организмҳои аутотрофӣ, организмҳоест, ки моддаҳои органикии барои ҳаёт зарурро аз моддаҳои ғайриорганикӣ синтез мекунавд. Роли Организмҳои автотрофӣ дар табиат хеле калон аст. Онҳо тамоми моддаҳои органикиро, ки одам ва қариб ҳамаи ҳайвонҳо синтез карда наметавонанд, ҳосил мекунанд (нигаред Организмҳои гетеротрофӣ). Ба Организмҳои автотрофӣ растаниҳои дараҷаи олӣ (ғайр аз растаниҳои паразитӣ ва сапрофитӣ), обсабзҳо ва баъзе бактерияҳо мансубанд.
Растаниҳои дараҷаи олӣ ва обсабзҳо, ки хлорофилл доранд, фотосинтетикҳо номида мешаванд. Онҳо аз пайвастҳои содда (гази карбонат ва об) ва энергияи офтоб моддаҳои органикиро синтез менамоянд (нигаред Фотосинтез). Бактерияҳои автотрофиро, ки моддаҳои органикиро аз пайвастҳои минералӣ (аз ҳисоби энергияи баъзе реаксияҳои химиявӣ) синтез мекунанд, хемосинтетикҳо меноманд (нигаред Хемосинтез).
Macалан, бактерияҳои хок Nitroaomonas ва Nitrobacter ва аммиакро то намакҳои кислотаи нитрат ва нитрит оксид намуда, энергияи ҳосилшударо барои ташаккули тани худ сарф менамоянд; бактерияҳои оҳан энергияи оксидшавии шаклҳои закисии оҳанро истифода мебаранд; бактерияҳои сулфур гидрогенсулфидро то намакҳои кислотаи сулфат оксид менамоянд. Роли Организмҳои автотрофӣ барои гардиши моддаҳо дар табиат бағоят калон аст.
Адабиёт: Вернадский В. И., Живое вещество первого и второго порядка в биосфере, Избранное, сочинение, том 5. Москва, 1960.