Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омӯзишгоҳи педагогии Ду­шанбе

Омӯзишгоҳи педагогии Ду­шанбе

Омӯзишгоҳи педагогии Ду­шанбе, ба номи Н. К. Круп­ская, муассисаи таълимии духтаронаест, ки баробари ихтисос маъ­лумоти миёна медиҳад. Соли 1959 дар заминаи шуъбаи томактабии Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ҳамчун Омӯзишгоҳи педагогии томактабӣ таъсис ёфтааст ва соли 1975 ба Омӯзишгоҳи педагогӣ табдил дода шуд. Соли аввали хо­ниш 45 нафар духтарон таҳсил мекарданд. Аввалин директори он солҳои 1959—64 Умрӣ Назирова — Муаллими Хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Соли таҳсили 1982—83 дар шуъбаи рӯзонаи Омӯзишгоҳи педагогӣ 880 нафар, дар шуъбаи ғоибонаи он 300 нафар духтарон таҳсил, 128 нафар омӯзгор кор мекарданд. Соли 1971 дар назди Омӯзишгоҳи педагогӣ шуъбаи мусиқӣ-педатогӣ кушода шуд.

Соли 1963 Омӯзишгоҳи педагогии номи Н. К. Крупскаяро гирифт. Омӯзишгоҳи педагогӣ дар солҳои мавҷудияти худ тақрибан 3,9 ҳазор мутахассис тайёр кард.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …