Маълумоти охирин

Оишаи Афғон

Оишаи Афғон бинти Яъқуб (соли таваллуд номаълум — вафот 1700), шоираи афғон. Зодгоҳаш Кобул. Оишаи Афғон илмҳои замонаш сарфу наҳв, маонию баён ва таҷвиду адабиётро ба хубӣ омӯхта, дар 20-солагӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ кардааст.

Ӯ дар аввали ҳаёт зани хушсухану зиндадил буда, вале пас аз кушта шудани писари ягонаи 25-солааш — Файз Талаб мубталои ғам гаштааст. Дар ашъораш ба ҷои шодию сурури зиндагӣ ва эҳсосоти наҷиби инсонӣ ғаму андӯҳ, ноумедӣ, нолаҳои ҷонгудоз бештар пайдо гардид. Ӯ пас аз ҳашт соли фавти писараш даргузаштааст. Оишаи Афғон шоираи соҳибдевон буда, девонаш аз ғазалу рубоӣ ва марсияҳо фароҳам омадааст; Девони Оишаи Афғон соли 1780 чоп шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …