Маълумоти охирин

Оин

Оин дар дин (расм, одат; қоидаву қонун), парастиши динии ашё, мавчудоти реалӣ ё фантасти­кӣ, ки дорои хусусиятҳои фавқуттабиист. Дар маънои васеаш — шакли таърихан ба вучуд омадан муносибатҳои динӣ. Унсурҳои таркибии Оин амалиёти динию соҳирӣ (маросимҳо, ибодат) ва ашёе, ки ба он тааллуқ доранд (тасвироти муқаддас, ибодатхона, маъбад ва ғайра) мебошанд.

Дар маънои маҳдуд Оин гуфта танҳо он муносибатҳои диниеро мефаҳманд, ки бо эътиқод ба мавчу­доти фавқуттабиӣ вобастаанд. Ба шаклҳои таърихии дин тарзи махсуси парастиш (оин) хос аст: Оини тотемӣ, маросими дафн, косибӣ, авло­дию оилавӣ, шаманӣ ва ғайра. Навъҳои Оинро вобаста ба объектҳои он чудо кардан мумкин аст: парастиши офтоб, осмон, об, ҳайвонот, наботот, оташ, ачдод, шоҳ ва ғайра.

Барои шаклҳои ибтидоии Оин алоқаи бевосита бо доираҳои муайяни ҳаёти ҷамъият хос буд. Оинии динҳои муосир бо асотир омехтааст. Намоз, ибодати салибу уқнум, соҳирӣ ва ғайра унсурҳои Оин мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …