Маълумоти охирин

Оҳу

Оҳу 1) гавазни холдор (Сег- vus da та), ҳайвони ширхори ҷуфт- сумест аз ҷипси гавазн. Нуги шохи нароҳу васеи белмонанд буда, модаоҳу бешох аст. Бадани нароҳу 130 сантиметр дарозӣ, 85—90 сантиметр баландӣ (то са­ри дӯш), қариб 90 килограмм вазн дорад, модаоҳу нисбатан хурдтар аст. Рангаш тобистон зарди сурхчаи холи сафеддор, зимистон якранги хокистарин сияҳтоб; фарди Оҳуи сафед ё сиёҳ низ ҳаст. Ватани гавазни холдор кишварҳои баҳри Миёназамин ва Осиёи Хурд мебошад. Гавазни холдорро дар бисёр мамлакатҳои Евро­па (аз он ҷумла дар СССР), инчунин дар Зеландияи Нав ва Америка ҳамчун ҳайвони хушсурат ва шикорӣ дар боғи ҳайвонот ва мамнӯъгоҳҳо парвариш мекунанд. Барои гавазни холдор шароити бешаи паҳн- барг мусоид аст. Алаф ва шохачаю барги бутта ва дарахтонро мехӯрад. Галаи он аз 3—10 cap иборат аст.

Нароҳу алохида мечарад (ба истиснои давран ҷуфтӣ). Шохаш моҳи май меафтад, моҳи август шохи нав мебарорад. Гавазни холдор дар моҳҳои сентябр— октябр чуфтӣ мешавад. Давраи ҳамл қариб 8 моҳ давом мекунад; 1—2 бача мезояд. Гавазни холдори ваҳшӣ ба миқдори хеле кам танҳо дар Эрони Ҷанубӣ боқӣ мондааст. Шикори он қатъиян манъ аст; 2) косуля (Capreolus саргеоlus, ҳайвони ҷуфтсумест аз ҷинси гавазн. Дарозии баданаш то 150 сантиметр, баландиаш (то сари душ) 100 сантиметр; вазни нароҳу то 55 килограмм, модаоҳу нис­батан хурдтар. Ҳайвони чобук ва хушсуратест. Думаш кӯтоҳ, бо мӯй пӯшида шудааст. Народу чанбаршоҳ, модаоҳу бешох аст. Рангаш тобистон сурхча, зимистон хокистарӣ, ранги шикамаш равтантар мешавад.

Мӯи атрофи думаш ҳалҳқашакли сафеди ҷилодор аст. Оҳу дар қисми зиёди ҳудуди Европа, ғарби Осиёи Пеш, инчунин дар кӯҳҳои Сибири Ҷанубӣ, Муғулистон ва Шарқи Дур (дар Шимол то 60 а. ш.) вомехӯрад. Дар ҷангалҳои сирак аз ҳамвории лаби баҳр то минтақаи ал­пӣ, бешадашт, баъзан найзор сокин мебошад. Алаф, барг, шохчаи навраси буттаю дарахтон, зимистон бо- шад, баъзан гулсанг ва ушна мехӯрад. Оҳуҳо дар моҳи август— октябр чуфт мешаванд: модаоҳудар моҳи май –июн 2-3 бача мезояд.

Душмани асосии Оҳу гург мебошад. Оҳу аҳамияти саноатӣ дорад: гӯшт, пӯст ва шохашро истифода мебаранд; 3) номи умумии ҳайвоноти ваҳшии ҷуфтсум аз қабили ғазол, нахчир, гург, мунҷак, холгул ва ғайра; 4) Оҳуи Чин, Оҳуи т о т о р, Оҳуи X у т а л, оҳуест, ки дар кӯҳистони Чин (Туркистони Чин, Қошғар, Хутан) зиндагонӣ ме- кунад ва аз нофаш моддаи хушбӯ мегиранд; 5) Оҳуи ҳарам, оҳуест, ки гӯё дар гирду пеши Каъба зиндагӣ доштааст ва ба ҳурмати Каъба онро шикор намекардаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …