Оғо Мирзо, (соли таваллуд номаълум — вафот 1858), хаттоти асри 19 Ҳиндустон. Дар хати настаълиқ маҳорат дошта, шогирди Саид Амири Разавӣ будааст.
Настаълиқро ба услуби Абдуррашиди Дайламӣ менавишт. Аз осори китобати ӯ ду қитъа дар Музеи Панҷоби Лоҳур ва Музеи бостоишиносии Деҳлӣ маҳфуз аст.