Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Обу ҳаво

Обу ҳаво

Обу ҳаво, ҳолати атмосфераи ягон мавзеъ дар лаҳзаи муайян ё дар ягон фосилаи вақт (шаборӯз, моҳ, сол). Режими бисёрсолаи Обу ҳаворо иқлим меноманд. Обу ҳаво бо унсурҳои метеорологӣ: фишор, ҳарорат, намии ҳаво, қувва ва самти шамол, абрнокӣ (давомати фаҷри офтобӣ), боришоти атмосферӣ, дурна- моӣ, зуҳуроти туман, буроӣ, раъду барқ ва дигар ҳодисадои атмосферӣ тавсиф дода мешавад.

Дар нуқтаи дилхоҳи кураи Замни Обу ҳаво бефосила тағйир ёфта меистад ва ин тағйирот на танҳо аз шаборӯз ба шаборӯзи дигар, балки дар давоми як шаборӯз, як соат ва ҳатто якчанд дақиқа ба дараҷаи намоён ба вучуд омада метавонад. Қисми ин тағйирот даврӣ буда, дар натиҷаи таъсири бевоситаи радиасияи Офтоб ва дар гирди меҳвараш (тағйироти шаборӯзӣ) ё дар гирди Офтоб (тағйироти солона) давр задани Замин ба вуҷуд меоянд.

Тағйири шабонарӯзии Обу ҳаво хусусан дар сатҳи Замин зоҳир мегардад, зеро тағйири ҳарорати ҳаво ба тағйири ҳарорати сатҳи замин вобаста асту намӣ, абрнокӣ, боришот, шамол дар навбати худ ба ҳарорати ҳаво вобастаанд. Бо зиёд шудани баландӣ амплитудаи лаппиши ҳарорат, намӣ ва суръати шамол якбора кам мешавад. Тағйироти со­лонаи Обу ҳаво, ки бо ивазшавии фаслҳои сол ифода меёбад, то баландиҳои калон на фақат дар тропосфера, балки дар стратосфера низ ба амал меояд.

Тағйироти ғайридаврии Обу ҳаво, ки хусусан дар арзҳои ғайритропикӣ намоён мебошанд, ба сиркулясияи атмосфера, яъне аз як ноҳия ба ноҳияи дигари Замин гузаштани массаҳои ҳаво вобастаанд.

Ҳангоми ин хел ҷойивазкунӣ массаҳои ҳаво бо худ сифатҳои хоссаи Обу ҳаворо меоранд, ки аз хусусиятҳои дар маҳалли додашуда вуҷудоштаи Обу ҳаво фарқ мекунанд. Обу ҳаво дар хоҷагӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти инсон мавқеи калон дорад. Бинобар ин пешгӯии Обу ҳаво ҳоло яке аз масъалаҳои муҳимми метеорология ба ҳисоб мераванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …