Маълумоти охирин

Обак

Обак, гурӯҳи ангурҳои миёна ва дерпазакро гӯянд, ки хелҳои бедона, дашнободӣ, думи рӯбоҳ, сабз, сурх, сафед, Ширак, якдона дорад. Асосан дар районҳои токдории вилоятҳои Ленинобод, Кӯлоб ва водии Ҳисори РСС Тоҷикистон; вилоятҳои Фарғона, Тошкент, Бухоро, Андиҷон, Намангон, Сурхон- дарёи РСС Ӯзбекистон паҳн шудааст. Токаш миёна ва тезсабз, 16,6—23,5% ва баъзан 70%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ.

Баргаш миёна ва калон (диаметраш 14,5—17 сантӣиметр), мудаввари 3—5-парра. гулаш дуҷинса, хушааш калон ва миёна (дарозиаш 16—17 сантиметр ва бараш 12 сантиметр), ба ҳисоби миёна 220—520 грамм, баъзан то 650 грамм, донааш миёна ва ка­лон (дарозиаш 18 миллиметр ва бараш 16 миллиметр), тухмшакл ё мудаввар, сершираю ширин, пӯсташ нафис. Баъди пухтан сафед ё зардтоб, гулобӣ, сурх, сабз мешавад. 15,8—20,8% ва баъзан то 29,2%’ қанд ва 3,3—8,5 г/л туршӣ дорад.

Обак сармобардор ва серҳосил, давраи нашваш 140—155 рӯз; май гул кар30 ва баъзан 90—120 ц/га ҳосил медихад. Асосан барои тархӯрӣ, майкашӣ ва дар корҳои селексионӣ истифода мебаранд. Обак бештар аз ҷел, баргпечаки ток зарар мебинад.

Адабиёт:       Ампелография СССР, том 4, Москва,

1954; Ампелография СССР (Малораспро­странённые сорта винограда), том 2, Москва, 1965; Виноградарство Таджикистана, Душанбе, 1969; Сорта винограда Уэбекистана, Таш­кент. 1974.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …