Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нӯҳ ибни Асад

Нӯҳ ибни Асад

Нӯҳ ибни Асад (соли таваллуд номаълум—вафот 842), яке аз намояндагони хонадони Сомониён, набераи Сомонхудот — асосгузор ва ҳокими деҳи Сомом. Нӯҳ ибни Асад, ки ҳамроҳи бародаронаш (Ахмад, Яҳё ва Илёс) дар хизмати ҳодими Хуросон ва халифаи Бағдод Маъмун буд, дар пахш намудани шӯриши Рофеъ ибни Лайс (806—810) иштирок кард ва барои хизматҳояш дар назди хи­лофат солҳои 819—820 ҳокими Самар­қанд таъин шуд. Бародаронаш соҳи- би дигар вилоятҳои Осиёи Миёна гардиданд. Нӯҳ ибни Асад  дере нагузашта, ҳо- кими бағоят пурқувват шуда, бо но­ми худаш танга сикка зад, юришҳо кард ва тохтутози турконро барҳам дод. Соли 840 Нӯҳ ибни Асад  бар зидди ҳокими Ис- фиҷоб юриш cap карда, ӯро ба худ тобеъ кард ва фармон дод, ки барои муҳофизати вилоятҳои обод аз тохтутоз ва ғоратгарии кӯчманчиён истеҳкомҳо созанд. Нӯҳ ибни Асад барои афзун гардондани нуфузи хонадони Со­мониён ва пурқувват кардани Мовароуннаҳр тадбирҳои зиёде андешид. Ӯ ҳокими як қисми Суғд (бо якҷоягии Самарқанд, Фарғона ба баъзе маҳалҳои туркнишини Сирдарьё) ҳисоб мешуд. Баъди вафотп Нӯҳ ибни Асад  ҳокимият ба дасти Наср ибни Аҳмад гузашт.

Адабиёт: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Сочинения, том 1, Москва, 1963; Негматов Н. Н., Госу­дарство Саманидов (Мавеваннахр и Хо­расан в IX—X во.), Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …