Нушич (НушиЬ) Бранислав (8. 10. 1864, Белград—19. 1. 193§, ҳамон ҷо), нависанда ва драматурги серб, академик АФ Сербия (1933). Маълумоти ҳуқуқшиносиро дар университети Белград гирифтааст. Соли 1887 барои суруди ҳаҷвии «Ду ғулом», ки ба муқобили шоҳ Милан Обреновичгуфта буд, ба ҳабс гирифта шуд ва пас аз як сол бо афви умумӣ озод гардид. Дар вазифаҳои дипломатӣ ва маъмурӣ кор кардааст. Роҳбари театрҳои халқии Белград, Нови-Сад, Скопле, Сараево буд.
Давраи аввали эҷодиёти драматургия Нушич бо анъанаи реалистии маданияти миллии серб ва адабиёти рус марбут аст: мазҳака- ҳои “Шахси шубҳанок» (1887, намоиш 1923; аз рӯи асари Н. В. Гоголь «Муфаттиш»), «Ҳимоят» (1888), «Шахси оддӣ» (1899), «Депутати халқӣ» (1883) парламентаризм, бюрократизм ва ришвахӯрии буржуазиро фош кардаанд. дар песаҳои солҳои 1903—14 Нушич суст гардидани оҳанги ҳаҷв баръало мушоҳида шуда, аз онҳо «Ҳоҷӣ Лойя» (1906) хеле шӯҳрат дошт. Инкишофи нави истеъдоди хаҷвнигории Нушич дар мазҳакаҳои «Хонуми вазир» (1929), «Ҷаноби Доллар» (1932), «Оилаи кулфатзада» _ (1935), «Д-р» (1936),
«Худораҳматӣ» (1937) ба назар мерасад. Драматургияи Нушич шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Бисёр аз песаҳои ӯ дар театрҳои советӣ намоиш дода мешаванд. Аа чумла, мазхакаи Нушич «Худорахматӣ» дар театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шудааст.
Адабиёт Жуков Д., Еракислав Нушич, Москва, 1972; Бранислав Нушич. Библиографический указатель, Москва, 1965.