Нуриҳои нитрогендор пайвастҳои органикӣ ва ғайриорганикии нитрогендор. Нуриҳои нитрогендорро барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ба хок меандозанд. Нуриҳои нитрогендор минералӣ, органикӣ ва сабз мешаванд. Махсусан Нуриҳои нитрогендори минералӣ муҳим буда, дар саноати химия . Нуриҳои нитрогендори минералии нитратӣ (нитрати натрий, калсий, калий), аммиаки (сулфати аммоний, хлориди аммоний, карбоната аммоний) ва амидӣ (карбамид, сиапамиди калсий) истеҳсол мешавад.
Ба Нуриҳои нитрогендори органикӣ хелҳои гуногуни пору ва пастмондаҳо мансуб аст. Нуриҳои нитрогендори органикӣ ба ғайр аз нитроген боз фосфор, калий ва дигар элементҳои барои растаниҳо зарур дорад. Аз юнучқа, себарга, нахӯд, мош ва дигар зироатҳои лӯбиёӣ ҳамчун Нуриҳои нитрогендори сабз истифода мебаранд. Баъзеи Нуриҳои нитрогендор чун дефолиантҳо ва хӯроки иловгии ҳайвоноти жованда низ истифода мешавад. Дар СССР солҳои 1980-ум 24767 ҳазор тонна Нуриҳои нитрогендор истеҳсол шуда буд. Дар 3аводи нуриҳои нитрогендори Вахш РСС Тоҷикистон соле 180 ҳазор тонна карбамид истеҳсол мешавад.