Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нумизматика

Нумизматика

Нумизматика (аз лот. numisma, юн. nomisma — танга), фанни ёрирасони таърих аст, ки таърихи тасвироти тангаҳо, катибаҳо, вазн, аз кадом филиз сохта шудан ва аҳамияти онро дар муомилоти пулӣ ва ғайра меомӯзад. Нумезматика ба ҳалли масъалаҳои хронология ва ҳаёти сиёсӣ, маданияти моддӣ, таърихи ҳаёти иқтисодӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ имконият фароҳам оварда, ба илмҳои таърих, археология, палеография, таърихи санъат, иқтисоди сиёсӣ, этнография ёрии калон мерасонад. Нумизматика инчунин пулҳои қоғазӣ (бонистика), медал, орден ва нишонҳо (фалеристика)-ро меомӯзад.

То пайдо шудани пулҳои филизӣ вазифаи онро молҳои гуногун: ҳайвонот, асбоби ороиш, яроқҳои фили­зӣ ва ғайра адо менамуданд. Бо инкишофи иқтисодиёти ҷамъият ва тараққиёти савдо ба пул зарурат пайдо шуд. Танҳо сардорони давлатҳо ба сикка задани он ҳуқуқ доштанд. Аввалин тангаҳои филизӣ асрҳои 8—7 то мелод дар давлати Лидияи Осиёи Хурд пайдо шуданд. Дар Осиёи Миёна аввалин тангаҳо (аз нуқра) ибтидои асри 3 то мелод бароварда шуд. Дар рӯи он акси подошоҳ, дар тарафи дигараш ҳудоҳои гуногун, ҳайвоноти муқаддас тасвир ва ё номи подшоҳ ва муҳраш сабт мегардид.

Тангаҳои қадима вазни муайян доштанд, ва­ле бо сабаби ислоҳоти пул зуд-зуд тағйир меёфтанд. Танга аввалҳо аз нуқраю тилло ва баъдтар аз омехтаи филизоти гуногун: тилло, нуқра, мис, сурб ва ғайра. сикка зада мешуд. Аниқ кардани вазн ва филизи танга барои барқарор намудани як қатор воқеаҳои ҳаёти иқтисодӣ, омӯзиши топографияи ҷойҳои ёфтшудаи тан­га барои муайян намудани доираи муомилоти пулӣ, роҳҳои тиҷҷоратии қадим ва тарзи додугирифт ёрӣ ме­расонад. Намуди тангаҳо, қатиибаҳои рув онҳо барои аниқ намудани шаклҳои идоракунии давлат, ивазшавии подшоҳои, муносибатҳои байниҳамдигарии волиҳо, табаддулоти дарборӣ ва ғайра аҳамияти калон пайдо мекунанд.

Нумизматика аз коллектсияи нумиз­матика фарқ дорад. Коллексия намудани тангаҳо асрҳои 14—15 дар Италия cap шудааст. Ба Нумизматика илмӣ дар нимаи дуюми асри 18 нумизматия венагӣ Й. X.  Эккел асос гузошта буд. Нуминматика дар таърихшиносии совети шартан ба Нумизматика давраҳои атиқа, Ви­зантия, Шарқ (тангаҳои дар асрҳои миёна сикказадаи мамлакатҳои Осиё ва Африка, аз ҷумла Кавказ, Крим, соҳилҳои Волгаро дар бар мегирад), Ғарб (тангаҳои дар асрҳои миёна, замони нав ва навтарин дар Европаи Ғарбӣ, ШМА, Канада, Америкаи Лотинӣ сикка задашударо меомӯзад) ва рус (давраи советӣ ҳам дохил мешавад) ҷудо карда шудааст. Он аз тадқиқоти катибаҳо ва тасвири тангаҳои атиқа оғоз ёфтааст. Муҳаққиқони Нумизматикаи рус (Г. К. Э. Келлер, А. В. Орешников, А. Н. Зограф) тангаҳои давлатҳои соҳили шимоли баҳри Сиёҳро омӯхтанд.

Аз нимаи дуюми асри 19 сар карда Нумизматикаи Византия чун со­ҳаи алоҳида ҷудо шуд ва дар инкишофи он нумизматҳои рус (аз ҷумла И. И. Толстой) хизмати калон кардаанд. Дар тарақити Нумизматикаи сове­ти саҳми В. Л. Янин, А. А. Биков, И. Г. Спасский, В. В. Кропоткин ва дагарон калон аст. Ба Нумизматикаи Шарқ шарқшиноси рус X. Д. Фрея асос гузоштааст. Ғанр аз он ба тадқиқи Нумизматикаи Шарқ, хусусан тангаҳои давлатҳои Осиёи Миёна П. С. Савелев, В, Г. Тиаенгауэен, В. В. Григорев, А. К, Марков, Р. Р. Фасмер, П. И. Лерх, М. Е. Массон, Е. А. Давидович, О. И. Смирнова, Г. А. Федоров-Давыдов, Е. В. Зейиаль ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар Осиёи Миёна инкишоф ёфтани археология ба тараққиёти минбаъдаи Нумизматика таъсири калон расонд.

Дар натиҷаи аз тарафи О. И. Смирнова, В. А. Лившис, Т. С. Ерназарова ва дигарон тадқиқ карда шудани комллекси тангаҳои аз Панҷакент, Самарқанд, Тахористон ва Истаравшан ба дастомада, содаҳои нав — Нумизматикаи Суғд, Тахористон ва Истаравшан ба вуҷуд омаданд. Дар Эрмита­жи Давлатӣ (Ленинград), музейҳои таърих ва санъати тасвирии Моск­ва, институтҳои таърих  ва археологияи АФ СССР ва республикаҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон коллексияҳои нумизмати­ки ҷамъ ва тадқиқ карда мешаванд.

Ад.: С п а с с и и й И. г., Я н и н В. Л., Советская нумизматика. Библиограф, указатель 1917—60, дар манм.: Нумиз­матика и эпиграфика, в. 2—3, М., 1960— 92; Ф е д о р о в-Д авыдов Г. А., Мо­неты рассказывают (Нумизматика), М., 1063; Смирнова О. И., Каталог мо­нет с городища Пенджикент, М., 1963; Давидович Е. А., История монетно­го дела в Средней Азии XVII—XVIII вв., Д., 1964; Ернааарова Т. С., Денеж­ное обращение Самарканда по археоло- го-нумиэматическим данным до начала IX века, дар мачм.: Афрасиаб, в. 3, Таш­кент, 1974.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …