Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нуллификатсияи пул

Нуллификатсияи пул

Нуллификатсияи пул (аз лот. nullus — ҳеҷ ва lacio — карда истодаам), бекор кардани пулест, (ки қурбаш якбора хеле паст шудааст. Сабаби асосии Нуллификатсияи пул инфлятсия мебо­шад. Агар ҳукумат нав шаваду пули ҳукуматп пештараро бекор кунад, ин ҳам Нуллификатсияи пул мешавад. Нуллификатсияи пул яке аз воситаҳои танзими муомилоти пул мебошад.

Баъзан девалвация ҳам сабаби Нуллификатсияи пул шуданаш мумкин, яъне дар ин сурат пули кӯҳна, ки қурбаш паст шудааст, бо пули нав иваз кар­да мешавад. Дар СССР дар давраи Ҷанги гражданӣ ва интервенсияи хориҷӣ тамоми пулҳое, ки ҳокимиятҳои гуногуни гвардиячиёни сафед бароварда буданд, бекор карда шу­даанд. Дар охири Ҷанги дуюми ҷаҳон (1930—1945) тамоми пулҳое, ки фашистони немис дар мамлакатҳои истилокардаашон бароварда буданд, низ нуллификатсия карда шуданд. Масалан, дар Ювон ҳангоми Нуллификатсияи пул 50 млрд дирҳаме, ки немисҳои фашист бароварда буданд, ба 1 дирҳами нав иваз карда шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …