Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новожилов Валентин Валенти­нович

Новожилов Валентин Валенти­нович

Новожилов Валентин Валенти­нович (таваллудаш 18.05.1910, Люблин, ҳоло дар Полша), олими советӣ дар соҳаи механика, акад. АФ СССР (1966; аъзо-корр. 1958), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Баъ­ди хатми Институти физика ва механикаи Ленинград (1931) ходими илмии як қатор институтҳои тадқиқоти ил­мӣ буд; аз соли 1945 профессори кафедраи назарияи чандирии факултети математика ва меха­никаи Университети Ленинград. Асарҳои Новожилов асосан ба назарияи чандирӣ ва пластикӣ, ҳисобу китоби рӯкаши киштиҳо ва мустаҳкамии конструксияҳои онҳо оиданд.

Новожилов назарияи деформатсияҳои чандирии ҳудудӣ ва назарияи пластикиро, ки дар онҳо микрошиддатҳо ба назар гирифта шудаанд, баён намуд, эффекти Сен-Венанро дар динамикаи милаҳо тадқиқ ва дараҷоти дақиқии ташаккули муодилаҳои асосии назарияи рӯкашҳои чандир ва ба намуди комплексӣ табдил додани онҳоро муқаррар кард. Дар асоси тадқиқотҳои Новожилов ва таҳти роҳбарии ӯ усулҳои амалан ҳисоб кардани статика ва динамикаи киштиҳо бунёд карда шудаанд ва меъёри мустаҳкамии онҳо муайян гардиданд. Бо 2 ордени Ленин ва дигар ор­дену медалҳо мукофотонида шуда­аст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …