Нота дар ҳуқуқ, муроҷиатномаи хаттии ҳукумати як давлат ба ҳукумати давлати дигар. Ба воситаи он ба муқобили амалиёти нодуруст изҳори ақида карда мешавад. Нота одата аз тарафи як давлат фиристонида мешавад. Изҳороти хаттии якчанд давлат ба як давлат оид ба ягон масъалаи муайян дар шакли Нотаи коллективӣ баён карда мешавад. Нотаҳои шахсӣ, вербалӣ ва сир- кулярӣ низ мавҷуданд.