Нонфарак (Abutilon theophrasti), раставии яксола аз оилаи тугмача- гулҳо. Пояи рост (баландиаш 1—1,5 м; дар намудҳои боғиаш то 4 м), барги дилшакл (дарозиаш то 15 см), гули зарди норинҷӣ ва рӯзамева дорад. Нонфарак асосан дар тропика ва субтропикаи ҳар ду нимкура, дар СССР бошад, дар ҷануб қисми европоӣ, Кавказу Осиёи Миёна мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар полезу киштзор, дар сари роҳу ҷӯйбор ва ғайра месабзад. Нонфарак чун растании нахдеҳ маъмул аст.
Вай дар сиёҳхок ва соҳилҳои дарё нағз нашъунамо меёбад. Пояи хушки Нонфарак то 25 нах дорад. Аз нахи он матои кавдирӣ, канаб, арғамчин ва ғайра тайёр мекунанд. Тухми Нонфарак 16—20% равған дорад, ки онро дар истеҳсоли собун ва алиф истифода мебаранд. Нонфарак аз қадимулайём дар Хитой кишт мешавад. Дар айни замон онро дар РХМ, Японвя, Миср, ШМА ва ғайра, дар СССР бошад, дар қитъаҳои коллексионӣ ва таҷрибавӣ кишт мекунанд.
Ад.: Некрасова В. Л., история изучения дикорастущих сырьевых растений СССР, т. 1, М.—Л., 1958; Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967.