Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ноиб Асадуллоҳ

Ноиб Асадуллоҳ

Ноиб Асадуллоҳ ( соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқиҳои, ҳофиз ва машшоқи асри 15 форс- тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Дар мадрасаи Ҳирот таҳсил кардааст. Ноиб Асадуллоҳ баробари дигар илмҳо мусиқӣ, санъати сарояндагию навозандагӣ, сабку равияҳои ҳаётӣ мусиқии даврашро аз мусиқишиносон Устод Шоди, Ғулом Шодӣ, Ҳофизи Хурда, Ҳофизи Басир ва дигарон аз худ мекунад.

Ноиб Асадуллоҳ дар иҷрои сурудҳои ахлоқи, фалсафи ва махсусан марсияҳовӣ шӯҳрати калон доштааст. Назарияи мусиқиро омӯхта, дар ин соҳа ба пояе расидааст, ки бо Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Ризвоншоҳ, Абдулқодир Зайнулобидини Ҳусайнӣ барин назариётчиёни мусиқӣ баҳсу мунозираҳо мекардааст. Дар навохтани танбӯр, уд, чанг, рубоб соҳибҳунар буда ва дар ин созҳо ихтирооти зиёд кардааст. Шеърро низ неку мегуфтааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …