Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳия дар вилояти Хатлон. 29 августи 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 682 км2. Аҳолиаш 135,4 ҳазор нафар (2009), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, рӯсҳо, тоторҳо ва ғайра Зичии аҳолӣ дар 1 км2101 на­фар. Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа 36 км, то шаҳри Душанбе 86 км, то наздиктарин истгоҳи роҳи оҳани – Вахш 12 км. Ноҳия 7 Ҷамоати деҳот (Арал, «Иттифоқ», «Ифтихор», «Дӯстӣ», ба номи М. И. Калинин, «50-солагии Тоҷикистон», Яккатут) ва як Ҷамоати шаҳраки Куйбишев (маркази нохия) дорад. Номхои пештарааш Арал, Куйбишев, Хоҷамастон.

Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12. 02. 2004 Абдураҳмони Ҷомӣ ном гирифт. Ҳудуди ноҳия асосан дар водии Вахш, қисми шимолии он дар водии Ёвон воқеъ аст. Онро кӯҳҳои начандон баланд (то 2000 м) иҳота кардаанд: аз Ғарб қаторкӯҳи Оқтоғ, аз Шимол кӯҳи Рангон ва аз Шарқ кӯҳи Қаротоғ. Қисми марказии ноҳия ҳамвор, аз соҳили баҳри 400 – 500 м баланд. Сарватҳои зеризаминиаш: намаки ош, гач ва ғайра. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш мегузарад.

Иқлими ноҳия континентӣ, субтропикии хушк. Тобистонаш гарм; ҳарорати миёнаи июл 35 – 40°С, ҳарорати баландтаринаш 43°С. Зимистонаш нарм; ҳарорати миёнаи январ 9°С. Боришоти солона ба ҳисоби миёна 271 мм. Давраи нашв (беш аз 5°) 300 рӯз. Хоки ҳудуди ноҳия асосан хокистарранг. Дар даштҳо янтоқ, шӯра, ҷорубак, явшон, дар кӯҳҳо камол, торон, ре­воҷ, савсани кӯҳӣ, кинг, юған, пиёзи кӯҳӣ, шибоғ, латтахор ва ғайра; аз дарахтон писта, дулона, бодоми кӯҳӣ ва ғайра мерӯянд.

Аз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, рӯбоҳ, шағол, ҷайра, аз хазандагон сангпушт, чанд намуди мор, аз парандагон кабк, бедона, мусича, гунҷишк, майна ва ғайра. вомехӯранд. Ноҳия дорои хоҷагии қишлоқи мутараққист. Соҳаи асосии он – пахтакорӣ, махсусан навъҳои маҳиннах. Инчунин чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, лимупарварӣ, кишти зироатҳои хӯро­ки чорво ва кирмакпарварӣ ривоҷ ёфтааст. Ноҳия 927 ташкилот ва хоҷагихои деҳқонӣ дорад. Соли 2010 ба пахтакорӣ 850 хоҷагӣ ба чорводорӣ 25 хоҷагии омехта, ба ниҳолпарварӣ як хоҷагӣ ва ба боғдорӣ 5 хоҷагӣ машғул буданд.

Майдони умумии заминҳои хоҷагии қишлоқ 59649 га (2009), аз ҷумла заминҳои кишт 16794 га, заминҳои обёришаванда 14580 га, заминҳои лалмӣ 2214 га. Дар ҳудуди ноҳия Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, 9 корхонаи хурд, 3 корхонаи нақлиётӣ, корхонаи коммуналӣ, шӯъбаи фарҳанг, 2 идораи алоқа, 10 корхонаи ёрирасон, 6 ташкилоти саноатӣ, 4 ташкилоти сохтмонӣ, корхонаи нонпазӣ, хонаи хизмати маишӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, идораи пиллахушккунӣ фаъолият доранд.

Соли хониши 2009 – 2010 дар ноҳия 41 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби тахҳсилоти умумии асосӣ, 8 мактаби ибтидоӣ, як литсей-интернат буд, ки дар онҳо 300576  нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар ноҳия Омӯзишгоҳи касбҳои техники, филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, мактаби санъати бачагона мавҷуд аст. Ноҳия 10 китобхона, кохи фарҳанг, хонаи фарҳангии типи шаҳрӣ, 3 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 2 дастаиҳунарӣ:«Ғунча»ва«Шабчароғ» дорад.

Дар беморхонаи марказӣ, дар монгоҳи ноҳиявӣ, 45 бунгоҳи тиббӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, Марказӣ мубориза зидди бемориҳои сил, шӯъбаи бемориҳои пӯст, гӯшу гулӯ ва бинӣ, Маркази беҳдошти саломатӣ, шӯъбаи бемориҳои сироятӣ 82 нафар духтурони маълумоти олидор, 441 нафар кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ кор мекунанд. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳании Тирмиз – Қӯрғонтеппа -Ёвон мегузарад. Газетаи ноҳиявӣ – «Баҳористон».

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …