Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии капитализм

Нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии капитализм

Нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии капитализм  дар давраи империа­лизм, таълимот дар бораи қонунияти инкишофп капитализм, муносибатҳои байналхалқии мамлакатҳои капиталнстӣ дар замони империа­лизм, шароити байналхалқии ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ, ки В. И. Ленин мазмуни асосии онро эҷод карда, КПСС ва дигар партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ инкишоф доданд.

Нобаробарӣ, номутаносибӣ, зиддияти антагонистӣ хусусиятҳои умумии капитализм мебошанд. «Зеро дар шароити капитализм, барои тақсим кардани доираҳои нуфуз, манфиатҳои, мустамликаҳо ва монанди инҳо, ғайр аз ба ҳисоб гирифтани қ у в в а и иштироккунандагони тақсим, қ у в в а и умумииқтисодӣ, молияи, ҳарбӣ ва ғайра асоси дигаре шуданаш мумкпн нест» (Ленин В. И., Ас., ҷ. 22, с. 3.19). Хусусияти давраи капиталиами томонополистӣ дар он ифода меёбад, ки зиддиятҳои иҷтимоӣ бо роҳи истисмори мустамликавии ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ сусттараққикардаи кардан ҷахон, ҳиҷрати оммавӣ ба мустамликаҳои беодам суст карда мешуданд. Дар ибтидои асри 20 тақсими ҷаҳон ба охир расид. Просесси ба мустамлика ва ниммустамликаҳо табдилёбии ҳамаи мамлакатҳо ва территорияҳое, ки дар зинаҳои та­раққиёти токапиталистӣ буданд, ан­ҷом ёфт. Моҳияти амали қонуни нобаробарии тараққиёт дар шароити капитализми монополистӣ дар он ифода меёбад, ки тафовути табиӣ ва ногузири дараҷаю хусусияти тараққиёти мамлакатҳои гуногун, соҳаҳои иқтисодӣ, омилҳои тараққиёти иқтисодию сиёсӣ сарчашмаи мухолифат ва зиддияти тезутунди байналхалқӣ мешаванд. Дар давраҳои муайяни инкишофи таърихӣ ин зиддиятҳо боиси ҷангҳои даҳонӣ гардидаанд.

Ленин тараққии нобаробари иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои капита­листки давраи империализм ва оқибатҳои онро яке аз омилҳое медонист, ки хусусияти просесси револютсионии даҳонро муайян менамуд. Зимни ақидаи мазкур вай ба хулосае омад, ки дар давраи тараққиёти нобаробарӣ иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои гуногун револютсияи сотсиалис­ту «сотсиализм дар ҳамаи мамлакатҳо дар як вақт ғалаба карда наметавонад. Вай аввал дар як ё якчанд мамлакат ғолиб меояд, мамлакатҳои боқимонда якчанд муддат мамлакатҳои буржуазӣ ё тобуржуазӣ шуда мондан мегиранд» (Ас., ҷ. 23, саҳ. 77).

Шиддати зиддиятҳои энтагонистии байниимпериалистӣ боиси саршавии Ҷанги якуми ҷахон гардида, просес­си револютсониро тезонид ва ба ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр мусоидат намуд.

Дар шароити дурударози ҳамзистии осоишта тамоюли бархурдани омилҳои марказшитоб ва марказгурез, ки дар системаи ҷаҳонии капи­тализм амал менамояд, бештар зоҳир мегардад.

Дар ҳуҷҷати Маҷлиси машваратии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1969) гуфта шудааст: «Дар байни давлатҳои гуногуни империалистӣ ва тамоми дунёи капиталистӣ ноҳамвории тараққиёти иқтисодӣ инкишоф меёбад. Ҳаёт дуруст будани нуқтаи марксистӣ-лениниро дар бораи муборизаи байни давлатҳои империалистӣ, байни монополияҳои капиталистӣ барои дойраҳои нуфуз намоиш медиҳад (Ҳуҷҷатҳои маҷли­си машваратии байналхалқии пар- тияҳои коммунистӣ ва коргарӣ, Д., 1969, с. 14—15). Дар шароити имрӯза ШMA, мамлакатҳои аъзои «Бозори иқтисбдии Европоӣ» ва Япония марказҳои асосии империализманд, ки ҳар кадоми онҳо манфиатҳои хоси худро доранд ва дар дараҷаи муайни ба ҳам мухолифанд. Таносуби қувваҳо дар ин марказҳо мунтазам тағйир меёбад. Дар Европаи Ғарбӣ байни аксари мамлакатҳои дорои да­раҷаи баланди иқтисодиёт, истеҳсолоту капитали консентратсия ва марказонидашуда зиддият ҷой дорад. Зиддиятҳои байниимпериалистие, ки дар гузашта бо роҳи ҷанг ҳал мешу­данд, акнун бо ёрин протексионизми давлатию монополистӣ муваққатан ҳал карда мешаванд. Вале ин чорабиниҳо зиддиятҳоро аз байн набурда, баръакс амиқ мегардонанд.

Тамоюли баробаршавии дараҷаи техникию иқтисодии мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ дар асоси нигох доштани қафомонии иқтисодии собиқ мустамликаҳо ва мамлакатҳои мутеъ, муборизаи капитализми монополистӣ барои тақсими нави доиpaи ҳукмронӣ дар «даҳонӣ сеюм» (ниг. Навмустамликадорӣ) инкишоф меёбад. Дар айни замон инқирози системаи мустамликавӣ сабаби баро­баршавии имконияти муборизаи давлатҳои гуногуни имнериалистӣ ба­рои доираи нави ҳукмронӣ гардид. Аммо собиқ мустамлика ва мамлакат­ҳои мутеъ акнун объекти ғайрифаъоли фармонравоёнаи хориҷиён набуда, дорои воситаҳои муайяни муҳофизати манфиатҳои худ мебо­шанд. Дар чунин шароит сиёсати навмустамликадорӣ ҳамчун яке аз омилҳои тезутундшавии минбаъдаи зиддиятҳои байниимпериалистӣ амал мекунад. Дар доираи капитализми ҳозира барои афзун шудани нуфузи қувваҳои прогрессивӣ заминаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Ҳамин тариқ,  дар шароити ҳозира амали қонуни нобаробарб зиддиятҳои нави ба ҳамин давраи тараққиёти капитализм хосро ба вуҷуд оварда, системаи капиталистиро суст ва мавқеи қувваҳоеро, ки барои нест кардани он мубориза мебаранд, устувор мегардонад.

Ад.: Ленин В. И.. Империализм ҳамчун дараҷаи баландтариии капита­лизм. Ас., ҷ- 22; ҳамои м у а л л ., Программаи ҳарбии револютсияи проле­та рӣ, Ас., ҷ. 23; Ҳуҷҷатҳои маҷлиси машваратии байналхалқи партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ, Д., 1969; Буккина М. К.. Центры мирового импери­ализма, итоги развития и расстановка сил. М., 1970.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …