Маълумоти охирин
Главная / Илм / Низория

Низория

Низория (аз номи Низор Абумансур), шохаи исмоилия ё худ исмоилияи шарқӣ, ки охири асри 11 аз исмоилияи фотимӣ (мустақил) ҷудо шуда дар Ироқ, Миср, Сурия ва Эрон паҳн гардидааст. Сабаби пайдоиши Низория вайрон намудани қоидаи ворисияти имомати исмоилия аз тарафи имом Мустансир (вафоташ 1094) дониста шудааст. Мустансир вақти дар ҳаёт буданаш писари калонии худ Низор Абӯмаясурро валиаҳди имомати исмоилия эълон карда буд, вале дере нагузашта қарори худро ба фоидаи писари хурдии худ Мусталӣ Абулқосим ё Мусталӣ Биллоӣ дигар намуд.

Баъд аз вафоти Мустансир исмоилиёни Ироқ, Сурия ва Эрон имомати Низорро қабул намуда, аз исмоилиёни фотимӣ, ки имоми онҳо Мусталӣ таъин гардида буд, ҷудо шудаанд. Ҷудошавии исмоилия ба Низория ва мусталия дар асл зиддияти дохилии имомати исмоилия ва пайравони он, зиддияти байни меҳнаткашон ва феодалони исмоилиро инъикос менамуд. Дар ибтидо аз мусталия фарқ надошт, аммо дар охири асри 11 — ибтидои асри 12 дар Эрон ва Сурия шӯриши калони деҳқонону косибон cap зад, ки он ба Низория қувваи нав бахшид. Низория бо номи «даъвати ҷадид» (дар муқобили даъвати фотимӣ) фалсафа ва таълимоти динии худро аз баъзе ҷиҳатҳо тағйир дод. Вале идеологияи Низория фақат дар нимаи ду­юми асри 12 ташаккул ёфт ва зуд паҳн гардид.

Асосгузор ва идеологи Низория ё «даъвати надид» коенб Х,асани Саб­бох (ваф. 1124) хисоб меёбад. «Даъ­вати ҷадид» ба муқобили ҳокимияти феодалон ва ҳукумати салҷуқӣ равона шуда, аз ғояҳои маздакия дар бораи баробарии иҷтимоӣ истифода мебурд. Идеологияи Низория нисбатан демократӣ ва ба халқи меҳнаткаш фаҳмо буд. Бинобар он тарафдорони зиёде пайдо нашуд. Пайравони Низория ба зинаҳои гуногун тақсим мешуданд ва ҳар яке аз онҳо вазифаи муайянеро иҷро мекард. Дар соли 1090 шӯ­риши деҳқонону косибон бо сардории Ҳасани Саббоҳ бо забти қалъаи Аламут анҷом ёфт, ки дар натиҷа давлати исмоилии Аламут ба вуҷуд омад. Низория идеологияи расмии давлати Аламут гардид. Дар ин давлат муносибатҳои феодалӣ барҳам мехӯрд ва ба деҳқонону косибоне, ки роҳбарони давлат аз байни онҳо буданд, сабукиҳо дода мешуданд. Хироҷҳои зиёди феодалии давраи Салҷуқиён нест карда шуданд, халқ аз давлат ёрӣ мегирифт. Вале феодалон аз байн нарафтанд. Инчунин тахмин мекунанд, ки дар давлати Аламут ғуломдорт низ вуҷуд дошт.

Давлати Аламут ба муқобили давлатдории салҷукӣ мубориза мебурд. Барои нест кардани душманони синфии худ фидоиёнро дар маръуби (терpopи) шахсӣ истифода менамуд. Аз ин рӯ, аҳли Низория дар таърих номи «асоссия» ё «ҳашишия», яъне «қотилон»-ро гирифтанд. Дар амал маръуби шахсӣ шакли муборизаи синфӣ дар байни Низория ва феодалони салҷуқӣ буд.

Баъд аз вафоти Ҳасани Саббоҳ дар дохили Низория гурӯҳҳои феодалӣ қувват гирифтанд, вале дар замони Ҳасан ибли Муҳаммад ибни Кийё Бузургумед (солҳои 60 асри 12) омма аз нав ғалаба кард. Дар ин давра иде­ологияи Низория инкишоф ёфта, унсурҳои демократӣ пурқувват шуданд. Ҳа­сан ибни Муҳаммад шариати исломро барҳам дода «Рӯзи қиёмат» эълон мекунад. Моҳияти ин тадбири Ҳасан ибни Муҳаммад аз он иборат, буд, ки ӯ халқро аз риояи қонуну қоидаҳои шариат (намоз, рӯза, ва ғайра) озод намуда, ин рӯзро иди умумихалҷӣ эълон кард. Аммо дар давраи Ҷалолуддини Ҳасан (1210-1021) равияи суннӣ аз нав ҳамчун дини расмии давлати Аламут барқарор гардид. Соли 1256 давлати Аламут аз тарафи муғулҳо нест карда шуд, ва­ле Низория барҳам нахӯрд. Низория бо аҳли тасаввуф махлут гашта, дар асри 16 аз нав зинда гардид. Маркази имомати Низория ба Ҳиядустон (шаҳри Пуна) кӯчид ва дар он ҷо сулолаи Огохонҳо ташаккул ёфт. Имоми ҳозираи Низория, ки аз соли 1957 Султон Каримхон Оғохони  IV аст, яке аз сармоядорони калони Шарқ буда, пайравони Низорияpo истисмор мекунад. Пайравони Низория қариб дар 20 мамлакати Осиё ва Африкаи Шимолӣ зиндагӣ мекунанд.

Ад.: Беляев Е. А., Мусульманское сектантство. М., 1957; Строева Л. В., Государство исмаилитов в Иране в XI— XIII вв., М., 1978;

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …