Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низомии Нишопурӣ Ҳасан

Низомии Нишопурӣ Ҳасан

Низомии Нишопурӣ Ҳасан (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнависи асри 13 форс-тоҷик. Яке аз муншиёни забардасти Хуросон будааст. Дар аввали умр ба Ғазнин ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафта дар дарбори ҳокимони Деҳлӣ Қутбуддин ва Шамсуддини Илтимиш муқим шуд. Муҳимтарин таълифоти Низомии Нишопурӣ китоби таърихии «Тоҷ_ ул-маосир» аст, ки таърихи подшоҳони зикршударо аз соли 1186 то 1218 дарбар мегирад. Ба таълифи ин асар Низомии Нишопурӣ соли 1206 шурӯъ кардааст. «Toҷ- ул-маосир» яке аз асарҳоест, ки ба сабки мушкилфаҳм, бо истифодаи зиёди калимоти арабӣ таълиф ёфтаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …