Низомномаи муваққатии идоракунии райони Помир дастуруламал барои идора кардани Помир, ки соли 1917 Комитети туркистонии ҳукумати муваққата қабул кардааст. Баъди Револютсияи феврали 1917, моҳи апрели бо сардорни Белов Комитети умумипомирии ҳукумати муваққата ташкил ёфт, ки ба ҳайати он намояндагони аҳолии маҳаллӣ низ дохил мешуданд. Соли 1917 дар Помир просесси ташкили комитетҳои иҷроияи волостии ҳукумати мувацққата cap шуд. Ба фишори аҳолии маҳаллӣ онҳо як цатор царорхон прогресснвй цабул карданд. Апр. 1917 баъдн вафоти намоягдаи аморати Бухоро Мирзокасири Мирохур аҳолии Помири Ғарбӣ қapop дод, ки алоқаи расмии худро аз аморат барканад.
Бо тарафдории меҳнаткашон Комитети иҷроияи волости Шуғнон 8 май 1917 дар бораи худидоракунии Помири Ғарбӣ қарор қабул намуд. Мувофиқи мактуби Управления штаби генералӣ аз 6 июни 1917 ва қарори маҷлиси кишварии Комитети туркистонии ҳукумати муваққати дар асоси принсипҳои умумии идоракунии маъмурии кишвари Туркистон 26 июни 1917 «Низомномаи муваққатии идоракунии райони Помир» тартиб дода шуд. Мувофиқи «Низомнома» идоракунии гражданӣ ба комиссари районӣ тааллуқ дошт, ки онро ҳукумати муваққата таъин мекард. Вазифаи ӯ аз шинос намудани аҳолӣ бо дигаргуниҳои дар Россия ба вуҷудомада, интихоботи нави маъмурияти маҳаллӣ, интихоботи умумӣ «.ба комитетҳои халқӣ» ва ба органҳои ҳукуматӣ иборат буд. «Низомнамо» ба ҳар як шахс, сарфи назар аз мансубияташ ба миллат, ҷинс ва дину мазҳаб, ки синнаш аз 25 боло буд, барои интихоб шудан ба органҳои маҳаллии ҳукумати муваққата ҳуқуқ медод. Интихобот дар ҳар маҳал вобаста ба мақоми арбоби деҳа мегузашт.
Якчанд маҳали аҳолинишин ҷамоаи деҳаро ташкил медод, онро комитети хоҷагии қишлоқ дар ҳайати амин (сардор, ки раиси комитет ҳисоб меёфт), таҳсилдор (хазиначӣ — ҷамъоварандан ҳамаи навъҳои андозҳои пулӣ аз аҳолӣ), юзбошӣ, мироб идора мекард. Якчанд ҷамоаи деҳа волостро ташкил медоданд, ки онро комитети волости идора мекард. Волост аз комиссари волост ва аъзоён иборат буд. Ҳамаи комитетҳои волости ба Комиссариати минтақа тобеъ буданд. Комиссариати минтақавӣ анҷумани минтақаро даъват мекард, ки ба он аз ҳар як комитети волостй як вакил фи- ристода мешу д. Ин вакил танхо ово- 311 машваратӣ дошт. Фақат раиси Комитети минтақавӣ дорои овози ҳалкунанда буд.
Мувофиқи «Низомнома» сардори отряди Помирро «Ҳокимияти ҳарбӣ» назорат мекард. Ҳукумати муваққата дар кори идоракунии ноҳияҳои Помир дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд наовард.
Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр дар Осиёи Миёна, ноябри 1918 32 нафар душманони Ҳокимияти Советӣ, ки аз боёни маҳаллӣ ва офитсерони гвардияи сафед иборат буданд, бо сардории Фенин ба тарафи Ҳиндустон фирор карданд. Комитет умумипомирии ҳукумати муваққата ва «Низомнома» барҳам хӯрданд,
Ад.: Н а б и е в А., Установление и упрочение Советской власти на Памире, Тр. АН Таджикской СССР, т. XXX, Сталинабад, 1957; Назаршоев М., Социально-экономическое положение дореволюционного Памира, Д., 1975.