Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Нивелиронӣ

Нивелиронӣ

Нивелиронӣ дар геодезия, чен кардани баландии нуқтаҳои сатҳи Замин нисбат ба ягон нуқтаи интихобшуда ё нисбат ба сатҳи баҳр (муайян кардани баландии мутлақ). Нивелиронӣ ҳангоми нақшабардории топографӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, баплангирии шаҳру кишлоқҳо ва дигар пунктҳои аҳолинишин иҷро карда меша­вад. Нивелиронӣ дар муайян кардани фарқи сатҳи уқёнус ва баҳр омӯзиши ҳа­ракати вертикалии сатҳи Замин, ёфтани сохти берунии майдони гравитатсионии Замин ва ғайра низ аҳамияти калон дорад.

Вобаста ба усули нивелиронӣ Нивелиронӣ якчанд хел мешавад: геометрй, тригонометрӣ, барометрӣ, механикӣ ва гидростатикӣ. Ҳангоми Нивелиронии геометрӣ сутунчаҳои ниве­лирониро ба нуқтаҳои тадқиқшаванда амудӣ мешинонанд, баъд дар ха­ти рости ин нуқтаҳоро пайвасткунанда нивелир гузошта, хати визирии онро ба ҳолати горизонталӣ ме­оранд. Фарҷи баландиҳои нуқтаҳо ба фарқи рақамҳое, ки хати визирӣ дар сутунчаҳо нишон медиҳад, баробар аст, яъне h = — а — Ь. Хатои Нивелирони геометрӣ ба ҳар 1 км аз 0,5 мм зиёд нест.

Ҳангоми Нивелиронии тригонометрӣ ба воситаи теодолит кунҷи моилии ха­ти визирии аз нишон гузарандаро нисбат ба хати горизонталӣ муайян мекунанд ва масофаи горизонталии байни нуқтаҳо (s) баландии асбоб (l), баландии нишон (а)-ро дониста, фарқи баландиҳои ин нуқтаҳоро меёбанд:

h = s tg v + lа

Ҳангоми Нивелиронии барометрӣ барои муайян кардани баландии мутлақи нуқтаҳои гуногун аз фарқи фишорҳои атмосферии нуқтаҳо истифода мебаранд. Ҳангоми қулай будани шароитҳои метеорологӣ хатоии ин усул 2-3 м мебошад. Нивелиронии меха­ниӣ бо нивелир — автоматҳои дар велосипед ва мошинҳо шинонидашуда иҷро карда мешавад. Хатоии ин усул 0,2—0,3 м аст. Ҳангоми Нивелирониии гидростатӣ хосияти зарфҳои марбут истифода мешавад. Хатоии ин усул 1—2 мм мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …