Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нитроэфирҳо

Нитроэфирҳо

Нитроэфирҳо, эфирҳои мурак­каби кислотаи нитрату спиртҳо, ки дар молекулаашон як ё якчанд гурӯҳи нитрати (—ON02) бо атоми карбон пайваст шуда доранд. Масалан, алкилнитратҳо, нитрати спиртҳои дуатома, нитратҳои глисерин, нитра­ти селлюлоза ва ғайра.  Нитроэфирҳо вобаста ба шумораи гурӯҳҳои нитратии таркибашон ба моно-, ди- ва полинитроэфирҳо чудо мешаванд. Нитроэфирҳоро дар саноат бо роҳи таъсири ҳамдигарии кислотаи нитрати консентронида ё омехтаҳои нитронанда ва спиртҳо ҳосил мекунанд.

С*Н„ОН + HNOj^tCeH, ,ON02 + Н*0. Алкилнитратҳо моддаҳои моеъ бу­да, бӯи хуш доранд; дар об ҳал намешаванд, дар спирту эфирҳо нағз ҳал мешаванд. Полинитроэфирҳо моддаҳои нисбатан ноустувор буда, ҳангоми зарба ё соиш метарканд. Баъзеи онҳо моддаҳои зӯри таркандаанд. Масалан, нитроэфири пентаэритрит (ТЭН) С(СН2ОШ2)ч ва диэтанол-N-HnTp в(ДИНА) 02N—N (CHjCHj0N02)2 ва ғайра Нитрат­ҳои селлюлоза дар истеҳсоли борут ва динамит истифода мешаванд. Нитроэфирҳо таъсири физиологӣ доранд. Нигаред низ Нитроглисерин.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …